Оғози нишасти сарони ҳамкории Шанхай ба сурати маҷозӣ
(last modified Tue, 10 Nov 2020 11:12:14 GMT )
Ноябр 10, 2020 16:12 Asia/Dushanbe
  • Русия 20-умин Саммити Шанхайро ба ӯҳда гирифт
    Русия 20-умин Саммити Шанхайро ба ӯҳда гирифт

20-умин нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи сешанбе бо як видеоконфронси онлайн аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин оғоз ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ин нишасти маҷозӣ, ки бо суханронии Путин оғоз шудааст раҳбарони ҳашт кишвари узв, аз ҷумла Русия, Чин, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбакистон ва чаҳор кишвари нозир, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Белорусия ва Муғулистон ва ҳамчунин масъулони созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доранд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ низ дар нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ мекунад.

 Руҳонӣ ҳам дар нишасти Шанхай суханронӣ мекунад

Дар ин ҳамоиш, ки таҳти раёсати Русия баргузор мешавад, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои СҲШ ва масъалаҳои калидии минтақавӣ, байналмилалӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

19-умин нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баҳори соли гузашта дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо иштироки 11 сарвари давлат баргузор шуда буд.

 

Бештар бихонед: