Наздик шудани Трамп ба пазириши шикаст дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ
(last modified Sat, 14 Nov 2020 07:32:49 GMT )
Ноябр 14, 2020 12:32 Asia/Dushanbe
  • Трамп: чӣ касе медонад, давлати баъдӣ чигуна хоҳад буд?
    Трамп: чӣ касе медонад, давлати баъдӣ чигуна хоҳад буд?

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико эълом кард, ки мумкин аст, вай раҳбари давлати баъдии Иёлати Муттаҳидаро бар ӯҳда надошта бошад.

Ба гузориши Спутник, Трамп гуфт: “дар оянда мумкин аст, ҳар иттифоқе биафтад, чӣ касе медонад давлати (баъдӣ) чигуна хоҳад буд, зоҳиран замон нишон хоҳад дод”.

Вай таъкид кард, ки бидуни тавҷҷуҳ ба инки давлати баъдӣ чигуна хоҳад буд, давлати феълӣ “баста нахоҳад шуд”.

Пеш аз ин Ҷо Бойден, номзади демократҳо мутааҳид шуд, ки пас аз рӯи кор омадан ба унвони раисиҷумҳури Амрико бо терроризм мубориза кунад.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Иёлати муттаҳида 3 ноябр баргузор шуд.

Тибқи иттилооти авалия, Бойден пирӯз шудааст ва бузургтарин расонаҳои амрикоӣ ин хабарро эълом карданд бо ин ҳол Доналд Трамп, раисиҷумҳури феълӣ иддао мекунад, ки интихобот ҳанӯз ба поён нарасидааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: