Таҳлил/Аврупо нигарон аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед
(last modified Sat, 09 Nov 2024 09:58:25 GMT )
Ноябр 09, 2024 14:58 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил/Аврупо нигарон аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед
    Таҳлил/Аврупо нигарон аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед

Табаъоти пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, бар сиёсат, иқтисод ва амнияти Аврупо соя афканда аст

Як рӯзи пас аз эъломи пирӯзии Трамп дар интихобот , Эммануэл Макрон раиси Ҷумҳурии Фаронса дар нишасти сарони кишварҳои иттиҳодияи Аврупо баён кард, ки ин қорра бояд истиқлоли амниятии худро аз Амрико эълом ва аз манофеаш дар муқобили манофеи руқабои жиополитики худ дифо кунад .

Раиси Ҷумҳурии Фаронса тасреҳ кард : « Аврупо набояд ихтиёри амнияти худро то абад ба Амрико диҳад ва бояд ҳамин алон иқдом кунад то аз лиҳози жиополетик тазъиф нашавад . Аврупоиҳо бояд дар вусъати зиёд барои дифо аз манофеи худ дар баробари Амрико ва Чин иқдом кунанд . »

Кишварҳои аврупоӣ собиқаи хубе аз чаҳор соли раёсати Ҷумҳурии аввали Трамп дар фосилаи солҳои 2017 то 2021 надоранд . Иттиҳодияи Аврупо ба хусӯс меҳвари Олмон ва Фаронса ба унвони матори муҳаррикаи иттиҳодияи Аврупо дар он чаҳор соли равобити пурчолише бо Амрико доштанд . Трамп дар тамоми ҳавзаҳои сиёсӣ , иқтисодӣ ва амниятӣ соз ва корҳои мустаҳками равобити муттаҳидони ду сӯи уқёнуси Атласро аз масоили зист муҳитӣ гирифта то ҳамкориҳои Низомӣ ва амнинӣ дар паймониНАТО ба чолиш кашид .

Пирӯзии Ҷу Байден дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии соли 2020 хабари хубӣ барои бозгашти равобити наздики Аврупо ва Амрико ба қабл аз раёсати Ҷумҳурии Трамп буд . Аммо бозгашти Трамп ба Кохи Сафед ба кобусе барои давлатҳои аврупоӣ табдил шудааст . Онҳам дар шароите, ки иттиҳодияи Аврупо аз лиҳози сиёсӣ иқтисодӣ ва амниятӣ вазъияти шикананда ва мутазалзиле дорад. Иттиҳодияи Аврупо бар хилофи ҳашт соли пеш бо буҳронҳои печидае дар арсаи дохилӣ дар сатҳи Аврупо ва дар сатҳи ҷаҳон рӯбарӯ аст . 

Садриаъзами Олмон ва Эммануэл Макрон раиси ҷумҳӯри Фаронса дар Иҷлоси сарони Аврупо талош карданд ки худро омода барои мувоҷеҳ бо бозгашти Трамп ба Кохи Сафед нишон бидиҳанд . Макрон ва Олаф Шолтс пирӯзии Трамп дар интихоботи рӯзи сешанберо табрик гуфтанд , аммо ба суръат бар чолишҳои ношӣ аз сиёсати тиҷории ҳимоятгароёнаи Трамп таъкид карданд ки бо шиор « Амрикои нахуст » матраҳ мешавад. 

Олаф Шолтс ба хабарнигорон гуфт : « Иттиҳодияи Аврупо бояд суфӯфи худро муҳкам муттаҳид кунад ва ба шевае якпорча амал кунад . Вай афзӯд, ки ӯ  ва Макрон дар ҳоли ҳамоҳангии наздик бо дигар сарони кишварҳоу давлатҳои иттиҳодия Аврупо ҳастанд . Макрон низ дар як мусоҳиба телевизионӣ гуфт ки Берлин ва  Порис барои як аврупоӣ муттаҳиду қавитар дар шароити ҷадид кор хоҳанд кард .  Шолтс ва  Макрон дар шароите аз ҳамоҳангӣ барои мувоҷеҳ бо чолишҳои бозгашти Трамп ба Кохи Сафед сухан мегӯянд ки ҳар ду дар дохил дар вазъияти шиканандае қарор доранд . Як рӯз пас аз интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрикои давлати эътилофии Олмон суқӯт кард . Чаҳор вазири ҳизби Демокротҳои озод дар эътироз ба барномаи буҷети соли 2025 Шолтс аз Кабинаи Олмон берун омаданд бадин тартиб Олмон барои аввалин бор пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум дар маърази интихоботи зӯдҳангоми парлумонӣ дар авохири марти соли оянда қарор гирифт .

Акнӯн пирӯзии аҳзоби рости ифротӣ бар фазои сиёсии Олмони соя афкандааст . Ҳузури аҳзоби рости ифротӣ дар арсаи қудрат чолише барои пружаи ҳамгароии Аврупо аст . Зимни инки аҳзоби рости ифротӣ ба ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ бо Доналд Трамп гароиш доранд . Эммануэл Макрон низ дар Фаронса вазъияти мутазалзилӣ дорад . Макрон дар интихоботи парлумони Аврупо ва интихоботи зуди ҳангоми парлумонӣ шикасти сангинӣ мутаҳаммил шуд .Дар арсаи Аврупо низ ҷанги Украина тамоми муъодилоти сиёсӣ ва амниятӣ дар Аврупои пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум ба ҳам рехтааст . Украина ба минтақае барои ҷанги ниёбатии НАТО бо Русия табдил шудааст .

Амрико таъминкунандаи ҳафтод дарсади кумаки молӣ ва низомӣ ба Украина аст . Трамп пеш аз интихобот эълом карда буд дар фосилаи ду моҳи боқи монда ба маросими таҳлифи раёсати Ҷумҳурӣ ба ҷанги Украина поён хоҳад дод . Ин дар ҳоле аст, ки ҳеҷ чашмандозӣ аз пирӯзии артиши Украина бар Русия вуҷӯд надорад.  Бар акс , Русия дар ҳоли пешрафт дар Украина аст . Роҳи кори Трамп танҳо ба расмият шинохтани пешравиҳои Русия ва созиш бо Путин аст . Дар арсаи иқтисодӣ низ шиори Трамп бо унвони аввал Амрико , хатаре барои иқтисоди Аврупо аст . Олмон барои дуюмин сол дар вазъияти рукӯди иқтисодӣ қарор дорад . Касрии буҷет ва сатҳи бадеҳиҳои Фаронса низ аз шохисҳои иттиҳодияи Аврупо фаротар рафтааст .

Барномаи Трамп ба афзоиши тарифаҳои воридоти мӯҷиби афзоиши ҳазинаҳои содирот ва таваррум дар Аврупо хоҳад шуд .Иттиҳодияи Аврупо ба далели фиқдони сиёсати хориҷӣ ва амниятии муштарак ва мушкилоти иқтисодӣ ва хатари зуҳӯри ростгароёни ифротӣ равобити пурчолише бо Амрикои Трамп дар чаҳор соли оянда дорад .