Саркардаи Ҷайш ал-Адл ба ҳалокат расид
-
Манобеи Покистон дар бораи марги Мулло Умар Балуҷӣ, раҳбари гурӯҳи террористии Ҷайш ал-Адл хабар доданд
Раҳбари гурӯҳи террористии Ҷайш ал- Адл ва созмондиҳандаи ҳамлаи террористӣ дар автобуси нерӯҳои сипоҳи вилояти Исфаҳони Эрон кушта шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, расонаҳои Покистон бо интишори тасовире муддаӣ шуданд Умар Шоҳузиҳӣ (муллақаби Мулло Умар Балучӣ), раҳбари Ҷайш ал-Адл ҳамроҳи ду писараш дар Покистон дар камини нерӯҳои зиддитеррористии ин кишвар гирифтор шуданд ва ҳама ба ҳалокат расиданд.
Манобеи хабарии Покистони соате пеш ба нақл аз полис ва нерӯҳои сипоҳи марзии мустақар дар иёлати Балучистон дар ҷануби ин кишвар гуфтанд: «Се террорист дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар минтақаи Турбат ба ҳалокат расиданд.»
Гуфта мешавад номи яке аз ин террористҳо Мулло Умар аст, ки ба ҳамроҳи ду фарзандаш дар амалиёти нерӯҳои покистонӣ кушта шуданд.
Бархе аз расонаҳои покистонӣ террористҳои кушташударо вобаста ба як гурӯҳи террористӣ, ки худро Ҷайш ал-Адл мехонанд ва ё гурӯҳи мавсум ба лашкари Хуросон унвон карданд.
Гузаштаи хунини Ҷайш ал-Адл
Ҷайш ал-Адл як гурӯҳи шибҳи низомии террористии тундрави салафӣ аст, ки алайҳи низоми ҷумҳурии исломӣ ва мардуми Эрон ба фаъолияти мусаллаҳона даст мезанад.
Ин гурӯҳ ҳомии гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия аст ва бо давлати Эрон ба сабаби ҳимояташ аз низоми Сурия ба душманӣ мепардозад.
Гурӯҳаки террористии Ҷайш ал-Адл соли 2013 дар минтақаи саровони остони Систону Балуҷистони Эрон 21 марзбони эрониро рабуданд ва 14 нафар аз ононро ба шаҳодат расонданд.
Рабудани 5 марзбони эронӣ ва куштани яке аз онон дар соли 2013 ва ҳамла ба автобуси посдорони эронӣ ва ба шаҳодат расондани 27 нафар ва захмӣ кардани 13 тани дигар аз онҳо дар соли 2019 низ аз дигари иқдомоти террористии гурӯҳаки Ҷайш ал-Адл дар солҳои ахир аст.
Бештар бихонед: