Ноябр 21, 2020 22:51 Asia/Dushanbe
  • Путин мегӯяд, ки равобити Маскав ва Вашингтон дар бадтарин ҳолат қарор дорад
    Путин мегӯяд, ки равобити Маскав ва Вашингтон дар бадтарин ҳолат қарор дорад

Раиси Ҷумҳури Русия дар мавриди равобити Русия ва Амрико гуфт: равобити Москва ва Вашингтон он қадар бад шудааст, ки бадтар аз ин мумкин нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Путин дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Русия -1 дар посух ба ин савол, ки оё ин рӯйкарди Москва, ки то эъломи расмии натиҷаи интихоботи раёсати ҷуҳурӣ ба Ҷо Бойден табрик намегӯяд равобити Русия ва Амрикоро бад намекунад, гуфт: "равобити Москва ва Вашингтон дар шароити кунунӣ  дар вазъияти баде қарор дорад ва бадтар шудани ин равобит номумкин аст".

Интихоботи райсати ҷумҳурии Амрико рӯзи саввуми ноябри 2020 баргузор шуд.

Бароварди расонаҳо ҳак аст Ҷо Бойден бо касби 306 раъй электроли коллеҷ пирӯзи интихобот шудааст ва Трамп низ 232 раъй ба даст овардааст.

Дар ҳоле, ки теъдоде аз сарони ҷаҳон пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи райсати ҷумҳурии Амрикоро табрик гуфтаанд, мақомоти Русия гуфтаанд, ки мунтазири натоиҷи расмии ниҳоии интихобот хоҳанд монд.

Бештар бихонед: 

 

Барчасп