Бойден боз ҳам аз Трамп фосила гирифт
(last modified Sun, 22 Nov 2020 04:38:18 GMT )
Ноябр 22, 2020 09:38 Asia/Dushanbe
  • Фосилаи Бойден бо Трамп токунӯн ба беш аз 6 миллион раъй расидааст
    Фосилаи Бойден бо Трамп токунӯн ба беш аз 6 миллион раъй расидааст

Бо идомаи раванди шумориши оро дар бархе аз иёлатҳои Амрико пештозии Ҷо Бойден, номзади Ҳизби демократ аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба беш аз 6 миллион раъй расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс, расонаҳои аслии Амрико назири Associated Press ду ҳафта пеш Бойденро пирӯзи интихоботи Амрико эълом карданд, ин дар ҳоле аст, ки Трамп борҳо аз пазириши шикаст дар интихобот худдорӣ карда ва бидуни ҳечгӯна шавоҳиде муддаӣ шуда, ки вай пирӯзи интихобот буда ва тақаллуби густардае дар иёлатҳои калидӣ назири Пенсилвания ва Мичиган рӯй додааст.

То рӯзи шанбе Бойден дар маҷмӯи 79 миллиону 816 ҳазору 557 раъй дар саросари Амрико касб карда дар ҳоле, ки Трамп 73 миллиону 781 ҳазору 603 раъй ба даст овардааст.

Бар асоси бароварди расонаҳо Бойден то кунӯн 306 раъйи электрол бадаст оварда ва Трамп ба унвони раисиҷумҳури мустақар дар Кохи Сафед 232 раъйро ба худ ихтисос додааст.

Аз сӯи дигар додхостҳои мутааддиди ситоди Трамп ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар бораи тақаллуб дар интихобот ба далели ироа накардани шавоҳиди кофӣ бидуни натиҷаи боқи монда аст.

Дар ҳоле, ки 8 декабр охиртн фурсати иёлатҳо барои ҳалу фасли тамомии мунозиот дар борат натиҷаи интихобот аст, тими Трамп фишори худ бар намояндагон ва мақомоти интихоботии ҷумҳурихоҳро барои эҷоди таъхир дар раванди тасдиқи натиҷаи интихобот афзоиш додааст.

 

 

БЕШТАР БИХОНЕД: