Кобул шикаста шудани бунбасти музокироти сулҳро рад кард
Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард, ки гузоришҳо дар бораи шикаста шудани бунбаст дар музокироти сулҳ дар Давҳа, ҳақиқат надорад ва музокироти Давҳа пешрафт накардааст.
Ба гузориши ИРНА, Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон шомгоҳи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул афзуд: «далели бунбасти музокироти Давҳа, баҳонаҷӯиҳои Толибон аст.»
Сиддиқӣ гуфт: « Толибон хостаҳои хилофи қонунро матраҳ мекунанд, ки на раисиҷумҳур, на ҳукумат ва на мардуми Афғонистон онро мепазиранд.»
Пеш аз ин бархе манобе эълом карда буданд, ки бунбаст дар музокирот миёни ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Толибон дар Давҳа шикастааст ва тарафҳо ба тавофуқҳое даст ёфтаанд.
Музокироти сулҳи байналафғонӣ 12 сентябри 2020 дар Давҳа оғоз шуд, аммо токунун ду тараф рӯи дастури кори музокирот низ ба тавофуқ нарасидаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Бенатиҷа мондани нишасти намояндагони давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар
- Муовини Ашраф Ғанӣ: Толибон музокиротро ба бунбаст кашондааст
- Радди бозгашти “низоми Иморати Толибон” ба Афғонистон аз тарафи Абдуллоҳ Абдуллоҳ