Декабр 13, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ пеш аз ин низ масъӯляти ҳамалоти террористӣ дар Кобулро ба ӯҳда мегирифт
    ДИИШ пеш аз ин низ масъӯляти ҳамалоти террористӣ дар Кобулро ба ӯҳда мегирифт

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъӯляти ҳамалоти ракетии субҳи имрӯз ба фурӯдгоҳи Кобулро ба ӯҳда гирифт.

Ба гузориши “Shafaghna”, гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи якшанбе дар баёнияе иддао кард, дар ҳамалоти ракетии ин гурӯҳ ба нуқоти мухталифи шаҳри Кобул, бахши низомии фурӯдгоҳи ин шаҳри осеб дидааст.

Дар рӯзҳои ахир Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон гуфта буд, гурӯҳи террористии ДИИШ ҳушдор додааст, ки агар зиндониёни ин гурӯҳ эъдом шаванд, Кобулро ба қурбонгоҳи шиаёни ин шаҳр табдил хоҳад кард.

Гурӯҳи террористӣ такфирии ДИИШ пеш аз ин низ масъӯляти ҳамалоти террористӣ ва мушакӣ дар Кобулро дар ҳоле ба ӯҳда мегирифт, ки давлати Афғонистон ин ҳамалотро кори гурӯҳи Толибон медонист.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп