Декабр 13, 2020 17:25 Asia/Dushanbe
  • Спутник v дар асоси формулаи ваксинаи Эбола таҳия шудааст
    Спутник v дар асоси формулаи ваксинаи Эбола таҳия шудааст

Роҳбари Маркази вирусшиносии Гамелияи Вазорати тандурустии Русия эълом дошт, ки ваксинаи Спутник V баданро то ду сол аз вируси Ковид-19 муҳофизат мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, профессор Александр Гинсбург рӯзи якшанбе дар як барномаи телевизиюнӣ дар шабакаи Русия як гуфт: ваксинаи Спутник V  бар асоси формуле тавлид шудааст, ки бар асоси он ваксинаи Эбола сохта шуд ва метавонад то ду солу ҳатто бештар ба бадан дар баробари корона муҳофизат кунад.

Вай афзуд: ваксинаи Спутник V то 96 дарсад кафолат медиҳад, ки шахсе, ки ваксина мегирад, ба бемории корона мубтало нахоҳад шуд ва агар шахсе, ки ваксина гирифтааст, низ ба корона мубтало шавад, вай дар муқоиса бо дигарон ҳолати хеле сабукро аз сар мегузаронад.

Гисбург изҳор кард: ба эҳтимоли зиёд фарде, ки ваксинаи Спутник V  бигирад дар сурати бемор шудан, каме обрезиши бинии табии нисбатани боло хоҳад дошт, аммо шушҳои ӯ осеб нахоҳад дид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт: тавлиди ваксинаи русии коронаи эмани аст  и   

Ваксинаи Спутник V нахустин ваксинаи русии корона аст ва пас аз тазриқи озмоишии он ба гурӯҳҳое аз довталабон, тобистони гузашта дар Русия ба сабт расид. 

Ин ваксина мароҳили поёнии озмоишҳои пас аз сабтро мегузаронад ва токунун ду миллион доза аз ин ваксина тавлид шудааст ва даҳҳо ҳазор нафар дар Маскав бо он дар баробари вируси корона именисозӣ шудаанд. 

Шабакаи дувуми телевизиюни давлатии Русия дар гузорише эълом кард : ваксинаи Спутник барои 83 минтақа аз 85 минтақаи Русия ирсол шуда ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дастур додааст то поёни ин ҳафта ин ваксина бояд дар ҳамаи манотиқи Русия тавзеъ шавад.  

 

Бештар битхонед:  

Барчасп