Декабр 20, 2020 15:04 Asia/Dushanbe

Инфиҷори имрӯз дар ғарби шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон 8 кушта ва 15 захмӣ барҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, ин омор ниҳоӣ нест ва эҳтимоли афзоиши талафот вуҷӯд дорад.

Пеш аз ин гуфта шуда, ки ҳадафи ин инфиҷор Хон Муҳаммад Вардак, узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон буда, ки дар ин инфиҷор захмӣ шудааст.

Вазири кишвари Афғонистон ҳам бо ҳузур дар маҳали инфиҷор гуфт, инфиҷори имрӯзи Кобул ҳамлаи интиҳорӣ будааст.

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъӯляти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп