Духтаре ки аз атсааш тило борид!
-
Абигейл дар тамоми ин солҳо намедонист ангуштараш дохили биниаш гир кардааст
Духтари ҷавоне баъд аз атсаҳои шадиду пуштисариҳам мутаваҷҷеҳ шуд як тикка тилое боарзиш аз биниаш берун паридааст.
Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон, духтари ҷавон, ки 12 сол пеш як ангуштарӣ дохили биниаш дармонда буд, бо як атсаи шадид муваффақ шуд аз вуҷуди он халос шавад.
Абигейл Томсон дар тамоми ин солҳо намедонист ангуштари ӯ, ки ҳадяи таваллуди 8 солагиаш буд, дохили биниаш гир кардааст ва тасаввур мекард, ки онро гум кардааст.
Аз он ҷо ки ин ангуштари тило дар фазои дохили бинӣ ба муддати тӯлонӣ гир карда буд, дучори тағйири ранг шуда буд.
Абигейл Томсони 20 сола чанд моҳ баъд аз ҳадя гирифтани ин ангуштар дар синни 8 солагиаш, онро гум карда буд ва агарчӣ ҳама ҷоро барои пайдо карданаш гашт, аммо ҳаргиз тасаввур намекард ангуштар дохили биниаш бошад.
Бештар бихонед:
- Тасмими аҷиби бемори чинӣ пас аз номуваффақ будани дармонаш
- Ҳадяи аҷиби модарарӯс ба домод хабарсоз шуд!
- Аҷибтарин расми ҷаҳон барои бачадор шудани занони нозо + филм