Трамп масъулияти ҳамла ба Конгрессро бар ӯҳда гирифт
Телевизиони “Фокс Нюс” ба нақл аз як мақоми Кохи Сафед эълом кард: Раиси ҷумҳурии Амрико масъуляти бурузи нооромиҳои ахир ва ҳамла ба сохтмони Конгрессро бар ӯҳда гирифтааст.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, як мақоми амрикоӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Фокс Нюс” эълом кард: Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико масъуляти бурӯзи нооромиҳои ин кишвар ва ҳамла ба сохтмони Конгрессро бар ӯҳда гирифт.
Бар асоси ин гузориш, Трамп дар дидор бо Куин Маккартси, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар маҷлиси намояндагон эътироф кард, ки то ҳудуде дар иртибот бо шӯришҳои ҳафтаи гузашта дар Конгресси Амрико муқассир аст.
Ду манбаъ эълом карданд, Маккартси, ки як ҷумҳурихоҳ аз иёлати Калифорния аст, рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ҷумҳурихоҳон эълом кард: Трамп омили нооромиҳое маҳсуб мешавад, ки сабаб шуд Конгресс ҳафтаи гузашта дар замоне ки дар талош барои таъйиди натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 буд, таътил шавад.
Ин шӯриш панҷ кушта барҷой гузошт ва як афсари полиси Конгресс яке аз куштаҳои ин ҳодиса аст.
Бештар бихонед:
- Тарҳи истизоҳи Трамп рӯйи мизи Маҷлиси намояндагони Амрико
- Судури иттиҳом алайҳи 15 нафар аз омилони ҳамла ба Конгресс Амрико
- Истеъфои раиси полиси Конгресси Амрико