Тавҳин ба подшоҳи Таиланд занеро 43 сол ба зиндон фиристод
(last modified Tue, 19 Jan 2021 15:27:47 GMT )
Январ 19, 2021 20:27 Asia/Dushanbe
  • Нақзи қонӯни \
    Нақзи қонӯни \"иҳонат ба зоти муқаддаси мулӯкона\" дар Таиланд дар ҳар иттиҳом муҷозоте байни 3 то 15 сол ҳабс дорад

Додгоҳе дар Таиланд як корманди собиқи давлатро барои тавҳин ба подшоҳи ин кишвар ба муҷозоти бесобиқаи 43 солу 6 моҳ зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши Ассошиатед Пресс, гурӯҳи вакилони таиландии ҳуқуқи башар гуфтанд, додгоҳи ҷиноии Банкок ин занро ба хотири интишори клипҳои савтӣ дар Фейсбук ва Ютюб бо изҳори назарҳое, ки мунтақиди салтанат талаққӣ мешавад, дар 29 маврид ба нақзи қонӯни "иҳонат ба зоти муқаддаси мулӯкона" муттаҳам кардааст.

Ин ҳукм, ки ҳамзамон бо авҷи ҷумбишҳои эътирозӣ ва интиқоди густардаи умумӣ ба салтанати Таиланд содир шудааст, фавран аз сӯи гурӯҳҳои ҳуқуқӣ маҳкум шуд.

Санай Фосук, муҳаққиқи аршади гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар гуфтааст, ҳукми додгоҳи Таиланд ҳайронкунанда буд ва ин аломати тарсоварро фиристод, ки интиқодот аз подшоҳӣ на танҳо таҳаммул намешавад, балки ба шиддат танбеҳ мешавад.

Нақзи қонӯни "иҳонат ба зоти муқаддаси мулӯкона"-и Таиланд дар ҳар иттиҳом муҷозоте байни 3 то 15 сол ҳабс дорад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: