Июл 25, 2016 09:22 Asia/Dushanbe
  • Дифои усқуфи машҳури Калисои ортодокси Русия аз ҳиҷоби исломӣ

Дар пайи доғ шудани баҳсҳо дар бораи мамнуияти ҳиҷоби донишҷӯён ва донишомӯзони мусулмон дар Русия, усқуфи Калисои ортодокси ин кишвар бо дифоъ аз ҳаққи ҳиҷоб барои бонувони мусулмон гуфт: "Пайравони адёни осмонӣ ба хотири дифоъ аз арзишҳои эътиқодии худ омодаанд ҷонашонро аз даст бидиҳанд ва ин мавзӯъ бояд ҷиддӣ гирифта шавад".

Усқуфи машҳури Калисои ортодокси Волоколомскийи Русия доштани ҳиҷобро ҳаққи машрӯи бонувони мусулмон хонд ва аз он дифоъ кард.

Ба гузориши сойти радиои Калисои ортодокси Русия, усқуф Илориюн таъкид кард: "Дар адёни осмонӣ фароизе вуҷуд дорад, ки пайравони он омодаанд барои дифоъ аз онҳо ҷонашонро аз даст бидиҳанд. Бинобар ин набояд эътиқодоти мазҳабиро ба унвони умури фардӣ дар ҷомеа маҳдуд кард". 

Ин усқуфи рус афзуд: "Бар асоси иддаои ҷараёни лоик бонувони мусулмон набояд ҳиҷоб дошта бошанд, масеҳиён бояд аз овехтани салиб бар гардани хеш худдорӣ кунанд, ёдоварии номи Худо бояд аз қавонини асосии кишварҳо ҳазф шавад ва умуман намодҳои мазҳабӣ бояд аз байн бираванд".

Усқуф Илориюн гуфт: "Тарафдорони андешаи лоик муътақиданд, ки бо мамнуияти ин иқдомот заминаи ихтилофи мазҳабӣ дар ҷавомеи ба иддаои онҳо демократӣ аз байн хоҳад рафт. Аммо ин навъ бархурдҳои ғайримантиқӣ ва равишҳои ҷабрӣ натиҷаи баръакс дорад, зеро пайравони адёни осмонӣ ба хотири дифоъ аз арзишҳои эътиқодии худ омодаанд ҷонашонро аз даст бидиҳанд ва ин мавзӯъ бояд ҷиддӣ гирифта шавад".

Дар пайи доғ шудани баҳсҳо дар бораи мамнуияти рӯсарӣ барои донишҷӯён ва донишомӯзони мусулмон дар марокизи омӯзишии Русия, усқуф Василовод Чаплин, яке аз масъулони Калисои ортодокси Русия низ бо маҳкум кардани ин иқдом, онро " Авбошии сиёсӣ дар пӯшиши ҳуқуқии дурӯғин" унвон кард.

 

Барчасп