Октябр 19, 2016 10:59 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи афви 3 миллион коргари муҳоҷири ғайриқонунии хориҷӣ дар Русия

Комиссияи умури муҳоҷирати Русия тарҳи афви се миллион коргари ғайримуҷози хориҷиро барои ироа ба Владимир Путин таҳия кардааст.

Ба иттилои сайти Газете.Ru , Асламбек Паскачев, раиси Комиссияи умури муҳоҷирати Русия вобаста ба дафтари раёсатҷумҳурии ин кишвар гуфтааст, ки авохири ин моҳ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор ва ин мавзуъро матраҳ хоҳад кард .

Паскачев таъкид кардааст, ки коргарони муҳоҷири ғайримуҷози хориҷӣ бар асоси табонӣ бо корфармоёни русӣ ба кор ҷазб мешаванд ва ба давлат андоз пардохт намекунанд .

Ин мақоми русӣ афзуд: Дар чунин шароите ҳам буҷети давлат мутаҳаммили хисороти фаровон мешавад ва ҳам корфармоён дар қиболи коргарони ғайримуҷози хориҷӣ ҳеч масъулияте надоранд, зеро корфармоён аз пардохти андоз фирор мекунанд ва ҳеч наҳоде наметавонад бар фаъолияти онон назорати дақиқ дошта бошад .

Асламбек Паскачев тасреҳ кард: Коргарони муҳоҷири кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд тарҷеҳ медиҳанд, бадунболи корҳои муваққати се ё шаш моҳа бошанд, то маҷбур нашаванд, барои пайдо кардани шуғли расмӣ, дарёфти муҷаввизи иқомат ва гирифтани дафтарчаи бимаи дармонӣ ҳазинаи калон бипардозанд ва низ битавонанд бо оғози фасли сармо ба кишварҳои худ бозгарданд .

Вай гуфт: Корфармоён низ аз ин фурсат хуб истифода мекунанд ва бидуни ҷазби коргарони муҳоҷири дорои муҷаввиз ба суроғи корҷуёни хориҷии ғайримуҷоз мераванд, то аз пардохти молиёт фирор кунанд .

Бар асоси гузориши Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, беш аз 300 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, аз ҳаққи вуруди муҷаддад ба қаламрави ин кишвар маҳрум ҳастанд .