Феврал 28, 2021 22:01 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши НАТО дар Баҳри Сиёҳ
    Оғози размоиши НАТО дар Баҳри Сиёҳ

Размоиши Poseidon 21, ки ба "таҳкими иқтидори вокуниши сареъи НАТО" ба "тағироти мудовим" дар муҳити амнияти минтақа нигаронида шудааст, бо "дараҷаи печидагии боло" оғоз ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нерӯи дарёии Руминия эълом кард: "Нерӯҳои дарёии Руминия дар ин давра то 6 марти аввалин размоиши чанд миллиятии 2021-ро, ки дар Баҳри Сиёҳ баргузор мешавад ва беш аз 600 низомии руминӣ ва хориҷӣ дар он ширкат мекунанд, созмондиҳӣ мекунад . " 
  

Дар ин размоиш низомиёни Фаронса, Юнон, Испания, Амрико ва Туркия ширкат хоҳанд кард.

Ин размоиш, ки ҳадафи он "таҳкими иқтидори вокуниши сареъи НАТО" ба "тағиротҳои мудовим" дар муҳити амнияти минтақа равона шудааст, бо "дараҷаи баланди мураккабӣ" баргузор мешавад.

  Вазорати дифоъи Русия ахиран эълом дошт, ки дар нимаи моҳи март дар минтақаи тамринии ОПУК дар нимҷазираи Қрим бо иштироки нерӯҳои десантӣ, десантчиён ва воҳидҳои тӯпхона машқи густарда баргузор мекунад. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп