Дархости Амрико аз ожонс барои тазмини ҳифзи таъаҳҳудоти подмонии Эрон
(last modified Thu, 04 Mar 2021 16:23:30 GMT )
Март 04, 2021 21:23 Asia/Dushanbe
  • Дархости Амрико аз ожонс барои тазмини ҳифзи таъаҳҳудоти подмонии Эрон

Намояндагии Амрико дар ниҳодҳои байналмилалии мустақар дар Вена таъкид кард ,Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бояд ба назорат бар барномаи ҳастаии Эрон идома диҳад.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намояндагии Амрико дар ниҳодҳои байналмиллалии мустақар дар Вена дар баёнияе, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд аз Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ барои гузориши ахираш дар хусуси барномаи ҳастаии Эрон қадрдонӣ кард ва бар зарурати ин гузоришҳо дар ҳифзи тавони арзёбии вазъияти пойбандии Эрон ба таъаҳҳудоти подманӣ таъкид кард .

   Намояндагии Амрико ҳамчунин дар ин баёния бо интиқод аз коҳиши назоратҳои ожонс бар барномаи ҳастаии Эрон зайли Барҷом ва протоколи илҳоқӣ муддаӣ шуд: Ин гомҳо ғайрисозанда ҳастанд ва Эрон бояд онҳоро лағв кунад .

Ҷумҳӯрии исломии Эрон 23 феврал ва дар ростои иҷрои модаи шашуми қонӯни « Иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз манофеъи миллати Эрон » назоратҳои фароподмонӣ ва иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқиро мутаваққиф кард . Албата ду рӯз қабл аз иҷрои ин қонун дар паи сафаре, ки Рафаэл Гроси –мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба Теҳрон дошт мувофиқатномаи муваққатӣ байни Эрону Ожонс содир шуд, ки бар асоси он муқарар шуд Эрон ба муддати 3 моҳ иттилооти бархе фаъолиятҳо ва таҷҳизоти назоратиро забт кунад ва назди худ нигаҳ дорад .

  Дар ин муддат ожонс ба ин иттилоот ҳеч дастрасӣ нахоҳад дошт ва иттилоот мунҳасиран назди Эрон боқӣ мемонад . Чунончи зарфи 3 моҳ таҳримҳо ба таври комил лағв шуд, Эрон ин иттилоотро дар ихтиёри ожонс мегузорад; дар ғайри ин сурат иттилоот барои ҳамеша пок хоҳад шуд .

Доналд Трамп- раиси ҷумҳӯрии пешини Амрико 8 маи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи таъаҳҳудоти Вашингтон зайли Барҷом кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард .

  Давлати Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии ҷадиди Амрико, ки пештар ваъдаи бозгашт ба Барҷом ва лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Эронро матраҳ карда буд, бо вуруд ба Кохи сафед ин иқдомро машрут ба иҷрои таъаҳҳудоти Эрон кардааст .  Ин дархост дар ҳоле матраҳ шуда ки Вашингтон тарафе буда ки бо нақзи тавофуқи ҳастаӣ ба сурати якҷониба аз он хориҷ шудааст.

  Ҷумҳӯрии исломии Эрон тасреҳ карда ки бо тавваҷуҳ ба онки Вашингтон тарафе буда,ки тавофуқро нақз карда ва коҳиши таъаҳҳудоти Теҳрон дар вокуниш ба иқдоми ғайриқонунии Амрико анҷом шуда ҳар гоме аз сӯи Теҳрон баъд аз рафъи таҳримҳо сурат хоҳад гирифт .

 

  Бештар бихонед :