Март 25, 2021 16:18 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти Анкара бо кишварҳои зинафъ дар умури Сурия ҳар рӯз абъоди густардатаре ба худ мегирад
    Мушкилоти Анкара бо кишварҳои зинафъ дар умури Сурия ҳар рӯз абъоди густардатаре ба худ мегирад

Бо идомаи ҳузури низомӣ ва ишғоли заминҳои Сурия тавассути Туркия, мушкилоти Анкара бо кишварҳои зинафъ дар умури Сурия, ба вижа Русия ҳар рӯз абъоди густардатаре ба худ мегирад.

Дар ҳамин иртибот Вазорати умури хориҷаи Туркия бо интишори баёнияе аз эҳзори сафири Русия дар Анкара хабар дод. Бар асоси баёнияи мунташиршуда, эҳзори сафири Русия дар Анкара ба баҳонаи вазъияти ҷорӣ дар Идлиб, дар заминҳои Сурия сурат гирифтааст.

Дар ин баёнияи Вазорати хориҷаи Туркия омадааст: “Алексей Ерхов, сафири Русия дар Анкараро ба сабаби вахимтар шудани авзоъ дар минтақаи коҳиши таниш дар Идлиби Сурия эҳзор кардааст”.

Бурӯзи ихтилофот байни Туркия ва Русия нишон медиҳад, ки ду кишвар бо вуҷуди ҳамкориҳои густардаи низомӣ ва харидҳои таслеҳотии ахири Туркия аз Русия, имкони табдил шудан ба ду муттаҳиди роҳбурдиро надоранд. Бурӯзи ихтилофҳои зиёде миёни Туркия ва Русия дар умури Сурия, аз ҷумлаи намунаҳое барои исботи ин иддао аст. Дар айни ҳол, мухолифони давлати Анкара муътақиданд, Туркия дар даврони Эрдуғон аз як кишвари бидуни мушкил бо ҳамсоягон, ба кишваре бо сад дарсади мушкил бо ҳамсоягонаш табдил шудааст.

Дар шароити феълӣ ин воқеиятро наметавон инкор кард, ки артиши Туркия бо вуҷуди шикаст дар дастёбӣ ба аҳдофи худ дар Сурия, талоши зиёде мекунад то ба унвони тарафи пирӯз муаррифӣ шавад.

Мавзӯе, ки ба назар мерасад давлати Русия тавваҷуҳи чандоне ба он надорад. Ин мавзқъ аз ҷиҳати дохилӣ барои давлати Эрдуғони дорои аҳамият аст. Ба вижа ки дар ин сурат аҳзоби мухолифи давлати Анкара бо тарҳи мавозеи ҷадид, талош мекунанд то бори дигар давлати Эрдуғонро ба чолиш бикашанд.

Аҳзоби мухолифи давлати Анкара аз ибтидои буҳрони Сурия талош карданд давлати Эрдуғонро хориҷ аз ин буҳрон дар назар бигиранд. Ба вижа ки коршиносони турк дар масоили Ғарби Осиё ҳузури низомии Туркия дар шимоли Сурияро дорои паёмадҳои манфии бисёре барои давлати Эрдуғон дониста ва таъкид кардаанд, ки талафоти сангини артиши Туркия дар дохили хоки Сурия метавонад ояндаи сиёсии Эрдуғонро бо чолишҳову хатароти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кунад.

Зимни он ки аҳзоби мухолифи давлати Эрдуғон метавонанд аз ин мавзуъ дар ҷиҳати тахриби раъйи ҳомиёни давлати Туркия баҳрабардорӣ кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки идомаи ҳузури низомии Туркия дар хоки Сурия мумкин аст буҳрон дар равобити ду кишварро ба солҳои оянда мавкул кунад. Дар ҳамин иртибот, Ҳакам Амҳаз, коршиноси масоили Ғарби Осиё дар бораи ишғоли бахшҳое аз заминҳои устони Идлиб дар хоки Сурия гуфтааст: “Туркия ба далели надоштани дасти бартар дар буъди низомиву сиёсӣ наметавонад барандаи ин майдон бошад ва дар сурати идомаи танишҳо ояндаи сиёсии Эрдуғон низ бо мухотира мувоҷеҳ хоҳад шуд".

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Туркия ба далели қарор гирифтани Сурия дар мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва геополитикии хос дар шарқи баҳри Миёназамин, дар пайи аҳдофи дарозмуддате дар заминҳои Сурия аст.

Дар воқеъ, заминҳои шимоли Сурия ин фурсатро барои Туркия фароҳам мекунад то бо ҳузур дар ин кишвар, султа бар шарқи баҳри Миёназаминро ҳар чӣ бештар тасбит кунад ва аз ин тариқ худро ба қутби аввали сиёсии минтақа табдил кунад.

Дар ҳоле ки дар шароити феълии ҳузури рақибони Туркия дар арозии Сурия, бисёре аз нақшаҳои давлати Туркияро дар Сурия нақш бар об кардааст. Дар як ҷамъбандии куллӣ аз эҳзори сафири Русия ба Вазорати умури хориҷаи Туркия бояд гуфт, давлати Туркия талош мекунад бо ин иқдом зимни мустақилнамоӣ, афкори умумии Туркияро дар заминаи нокомиҳо дар заминаи таҳаққуқи аҳдофи таърифшуда дар арозии Сурия мунҳариф кунад. Аммо бо вуҷуди расонаҳои зиёди фаъол ва шабакаҳои иҷтимоӣ, баид аст давлати оқои Эрдуғон ба ин ҳадафи худ даст ёбад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп