Имзои қонӯни интихоботи раёсати ҷумҳурии Рӯсия, замонате барои тадовуми зимомдории Путин
Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Рӯсия рӯзи душанбе 5 апрел қонӯни ҷадиди интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Русияро имзо кард .
Ин қонӯни ҷадид, ки бар мабноии модаи 81 қонӯни асосии Русия тадвин шуда ва дар 10 март ба тасвиби маҷлиси Думои Русия расидааст, ба Путин иҷоза медиҳад ки барои ду давраи дигар дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Русия ширкат кунад ва дар сӯрати пирӯзӣ то соли 2036 дар симати худ боқӣ бимонад .
Бар асоси яке аз мафод ислоҳ шуда қонӯни асосии Рӯсия, маҳдӯдияти давраи раёсати ҷумҳӯрӣ бидуни тавваҷуҳ ба давраҳои раёсати ҷумҳӯрии қаблии Путин эъмол мешавад . Ин ба он маъност, ки вай метавонад барои ду давраи дигар дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ ширкат кунад .
Бо тасвиби ин қонӯн яке аз нукоти марказии қонӯни асосии ҷадиди Русия амалӣ шудааст . Қонӯни асосии қаблӣ ба раиси ҷумҳӯри Рӯсия иҷоза намедод беш аз ду бор дар ин самт ба сурати пайдарпаи боқӣ бимонад, аммо қонуни ҷадиди интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Русия, ки баъд аз ҳамапурсӣ дар бораи ислоҳи қонӯни асосӣ ба тасвиби порлумони ин кишвар расид ва Путин низ онро имзо кард, ба вай имкон медиҳад ки бидӯни маҳдӯдият то соли 2036 раёсати ҷумҳӯриро дар даст дошта бошад .
Мардуми Русия дар июли 2020 ба ислоҳот дар қонӯни асосии Русия раъйи мусбат дода буданд .
Шуъайби Баҳман- коршиноси масоили Русия мегуяд : Раванди тағйиру таҳаввулот дар қонӯни асосии Русия вазъиятеро ба вуҷӯд хоҳад оварад, ки бар асари он сойири гузинаҳо яъне гузинаи ҷонишинии Путин то ҳадди зиёде камранг мешавад ва шахси вай ҳамчунон метавонад ба унвони нафари аввалу тасмимгирандаи аслӣ дар қудрат боқӣ бимонад .
Владимир Путин мутаваллиди 7 октябри 1952 ва раиси ҷумҳӯри феълии Русия аст . Вай раиси ҳизби Рӯсияи воҳид аз 15 апрели 2008 аст .
Путин аз соли 1999 то кунун ҳамвора мақоми раёсати ҷумҳӯрӣ ё нахуствазирии Русияро дар ихтиёр дошта аст . Акнун роҳ барои Путин ба манзури идомаи ҳукмронии вай то соли 2036 ҳамвор шудааст .
Ин масъала мусалламан хабари нохушоянде барои мухолифони дохилии Путин ва ҳомиёни ғарбии онҳо аст . Путин ба унвони як раиси ҷумҳӯри муқтадиру асаргузор бархилофи рӯйкарди қаблии худ ба ин ҷамъбандӣ расидааст, ки агар қудрат дар Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии 2024 ба сиёсатмадори дигаре бирасад, ба рағми ҳамаи тадобире ки вай дар чорчӯби ислоҳоти қонӯни асосӣ иттихоз карда то битавонад ҳамчунон дар арсаи сиёсати Русия шахси таъсиргузору таъинкунанда бошад, мумкин аст авзоъ дар раванди мавриди назари вай ҷараён пайдо накунад, лизо акнун вай ба ин натиҷа расида, ки роҳкори мутмаин ин аст, ки худ бори дигар қудратро дар даст гирад . Дар воқеъ Путин натавониста фардеро барои ҷойгузинии худ парвариш диҳад .
Мухолифон дар Русия ба саркардагии Алексей Навалний башиддат аз тадовуми раёсати ҷумҳӯрии Путин интиқод кардаанд .
Мухолифон бо интиқод аз Путин ва муттаҳам кардани вай ба ҳимоят аз олигархияи моливу сиёсӣ, хоҳони тағйиру чархиши нухбагон, аз ҷумла имкони рақобатҳои воқеӣ дар арсаи интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ Русия ҳастанд .
Салоҳияти Навалний барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии 2018 аз сӯи Комиссиюни марказии интихоботи Русия ба далели маҳкӯмияти қазоӣ рад шуда буд . Бо ин ҳол ба далели ҳимояти ғарбиҳо аз мухолифон амалан онҳо ҷойгоҳи қобили таваҷҷӯҳе назди мардум Русия надоранд . Зимни инки тибқи назарсанҷиҳо Путин ҳануз аз ҳимояти мардумии қобили таваҷҷӯҳе бархӯрдор аст . Бар асоси назарсанҷие, ки дар феврали 2021 мунташир шуд беш аз ниме аз шаҳрвандони Русия ё 54 дарсад ба Путин эътимод дошта ва 58 дарсад низ гуфтанд, ки аз амалкарди вай ризоят доранд .
Путин эълом кардааст ки дар соли 2024 тасмим хоҳад гирифт ки оё бори дигар барои давраи ҷадид раиси ҷумҳӯрии Русия бишавад ё хайр . Бо ин ҳол мусаллам аст, ки Путин ба унвони раиси ҷумҳӯри Русия нақши бисёри муҳиммӣ дар таҳаввулоти ин кишвар дар ду даҳаи гузашта ифо карда ва дар сӯрати пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии оянда ва тадовуми зимомдории вай то соли 2036 интизор меравад, ки вай нақши калидии худро то он замон дар васеътарин кишвари ҷаҳон ифо кунад .
Бештар бихонед :