Май 11, 2021 15:04 Asia/Dushanbe
  • Нишасти бенатиҷаи Шӯрои Амният дар бораи Қудс бо коршиносии Амрико
    Нишасти бенатиҷаи Шӯрои Амният дар бораи Қудс бо коршиносии Амрико

Нишасти Шӯрои Амният дар бораи авзои Қудс рӯзи душанбе 10 май бидуни натиҷа хотима ёфт. Ба гуфтаи дипломатҳо дар СММ, ҷаласаи Шӯрои Амният бидуни тавофуқ дар бораи матни муштарак ба поён расид, аммо Иёлоти Муттаҳида интишори изҳороти умумӣ дар бораи таҳаввулоти охиринро дар ин марҳила мувофиқ надонист.

 Вашингтон ба шуракои  худ таъкид кардааст, ки акнун бояд ба талошҳои пушти парда барои ором кардани авзоъ пардохт ва итминон надорад, ки судури баёнияе дар ин марҳала  муфид ва корсоз бошад.

Қарор аст ки музокирот  миёни аъзоии Шӯроии амният барои таҳия ва интишори баёнияе бо лаҳни нармтар нисбат ба матне, ки пештар аз сӯи  Норвегия ба понздаҳ кишвари узв пешниҳод шуда буд, идома ёбад. Пешнависи баёнияе, ки дар ин  хусус ба сурати муштарак аз сӯи  Тунис ва Чин  тадорук дида шуда аз Исроил мехоҳад ба фаъолиятҳои шаҳраксозӣ, тахриби манозил ва ихроҷи фаластиниён, аз ҷумла дар Қудси шарқӣ поён диҳад. Баёнияи мазкур ҳамчунин хостори «хештандорӣ » ва эҳтиром ба «вазъияти кунунӣ дар амокини муқаддас »аст. Дар ин пешнавис ҳамчунин нисбат ба танишҳо ва хушунатҳои физоянда дар Каронаи Бохтарӣ, аз ҷумлаи Қудси шарқӣ, ҷое ки даргириҳои тоза дар он садҳо маҷрӯҳ ба ҷо гузошт, ба шиддат  ибрози нигаронӣ шудааст. 

Ба рағми эъломи нигаронии зоҳирии давлати Байден дар бораи авзоъи кунунӣ дар Қудси шарқӣ, аммо мавзегирии Амрико дар Шӯрои  амният ва ҷилавгирӣ аз судури баёнияе нарм ва начандон интиқодӣ аз иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Қудси шарқӣ, нишон медиҳад, ки Вашингтон ҳатто тоби кӯчактарин интиқоде аз амалкарди ҷинояткоронаи Исроил  алайҳи фаластиниҳоро надорад. Савол ин аст ки Шӯрои  Амнияти Созмони Милал ба унвони рукни аслии ин ниҳоди байналмилалӣ, ки масъулияти ҳифзи сулҳу амнияти ҷаҳониро бар ӯҳда дорад, оё асосан аз дидгоҳи Амрико  вазифае дар заминаи расидагӣ ба авзоъи фоҷеабори кунунӣ дар Фаластини ишғолӣ ба вижа дар Қудси шарқӣ ва низ дар қиболи ҳамалоти ваҳшиёнаи ҷадиди режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, ки токунун даҳҳо шаҳид ва захмӣ ба ҷой гузошта дорад ё ин ки бояд дар ин замина бетафовут бошд?

Нигоҳе ба мавозеи Амрико дар Шӯроии Амнияти Созмони Милал дар заминаи расидагӣ ба иқдомоти Исроил чӣ дар қиболи фаластиниҳо ва чӣ кишварҳои ҳамсоя монанди Сурия ва Лубнон нишон медиҳад, ки Вашингтон ҳеч гоҳ  махсусан дар давраи зимомдории Раиси ҷумҳури собиқи Амрико Доналд Трамп   иҷозаи судури қатъномае, ки ба наҳве амалкарди Исроилро мавриди интиқод қарор диҳад, надодааст. Танҳо мавриди истисно дар ин замина  қатъномаи 2334 шӯроии амният дар декабри 2016 дар давраи раёсати ҷумҳурии Барак Абама аст ки дар он аз режими саҳюнистӣ хоста шуда то шаҳраксозиҳо дар арозии ишғолии 1967-ро мутаваққиф кунад ва ин иқдомро нақзи ошкор аз қавонини байналмилалӣ дониста  ва Амрико ба он раъйи мумтанеъ дод. Бо ин ҳол дар давраи раёсати ҷумҳурии Трамп, Вашингтон рӯйкарди ҳимояти ҳамаҷониба аз Исроилро сарлавҳаи сиёсати худ дар қиболи ғарби Осиё қарор дод ва иқдомоти бесобиқаро барои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ анҷом дода ва ҳатто дар соли 2018 аз шӯроии ҳуқуқи башари Созмони милал ба далели интиқод аз режими саҳюнистӣ хориҷ шуд.

 

 Коршиноси масоили ғарби Осиё Ҷовид Қурбонуғлу мегӯяд: Дар сиёсати хориҷии Амрико  як асли стратегӣ ва фароҳизбӣ вуҷуд дорад, ки бунёни он бар иттиҳоди стратегӣ бо Исроил ниҳода шудааст.   
  

Ин дар ҳолест, ки Исроил аз бузургтарин ноқизони ҳуқуқи башар дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад ва илова бар куштори фаластиниҳо, ба вижа дар навори Ғазза, бо берун рондани фаластиниҳои сокини Каронаи Бохтарӣ ва Қудси шарқӣ ва ғасб кардани заминҳои онҳо, маҳалҳои аҳолинишин месозад.  Тозатарин иқдом дар ин замина талоши саҳюнистҳо барои ихроҷи фаластиниҳо аз маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ ( Sheikhи Jarrah ) дар Қудси шарқист. Ин иқдоми саҳюнистҳо ба оворагии шумори ҳарчӣ бештаре аз фаластиниҳо мунҷар шуда ва ба манзалаи нақзи ошкори ҳуқуқи башар ва як ҷинояти ҷангист. Аммо, ҳукумати Байден, ки бо вуҷуди ҷиноятҳои Исроил даъвои ҳуқуқи инсонро идома медиҳад, ба дастгирии ҳамаҷонибаи худ исрор меварзад ва изҳори қаноатмандӣ кардан дар ин замина аст./
  
  
  
  Бештар бихонед:

Барчасп