Таҷаммуъ дар Лондон дар эътироз ба сафари шоҳи Баҳрайн ба Англия
(last modified Thu, 27 Oct 2016 12:48:19 GMT )
Октябр 27, 2016 17:48 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуъ дар Лондон дар эътироз ба сафари шоҳи Баҳрайн ба Англия

Даҳҳо тан аз фаъолони баҳрайнӣ ва ҳуқуқи башар дар эътироз ба сафари Ҳамд бин Исо оли Халифа, шоҳи Баҳрайн ба Англия, дар Лондон таҷаммуи эътирозомез барпо карданд .

Ба гузориши ИРНА,  муътаризон дар Лондон рӯзи чаҳоршанбе, ҳамзамон бо дидори Ҳамд бин Исо оли Халифа, шоҳи Баҳрайн бо Тереза Мей, нахуствазири Англия, шиорҳое алайҳи режими оли Халифа ва ҳимояти Англия аз ин режими саркӯбгар сар доданд.

Таҷаммуъкунандагон поён ёфтани ҳимоятҳои сиёсӣ ва таслеҳотии давлати муҳофизакори Тереза Мей аз режими саркӯбгари оли Халифаро хостор шуданд.

Бархе аз тазоҳуркунандагон дар замони хуруҷи худрави Ҳамд бин Исо оли Халифа аз Доунинг стрит талош  карданд монеъ аз ҳаракати он шаванд, ки полиси Англия монеъ аз иқдоми онҳо шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, ду тан фаъолони ҳуқуқи башарии баҳрайнӣ, ки талош карданд ба худрави ҳомили шоҳи Баҳрайн наздик шаванд, ба дасти полис боздошт шуданд.

Баҳрайн аз 14 –уми феврали соли 2011 шоҳиди эътирозоти мардумӣ алайҳи режими оли Халифа ҳаст ва мардуми ин кишвар хостори иҷрои ислоҳот, бархурдорӣ аз озодиву адолат ва рӯйи кор омадани ҳукумати мунтахаб ҳастанд.