Дифои усқуфи машҳури калисои ортодокси Русия аз ҳиҷоби исломӣ
(last modified Mon, 25 Jul 2016 12:40:17 GMT )
Июл 25, 2016 17:40 Asia/Dushanbe
  • Дифои усқуфи машҳури калисои ортодокси Русия аз ҳиҷоби исломӣ

Дар пайии доғ шудани баҳсҳо дар бораи мамнӯияти ҳиҷоби донишомӯзони мусалмон дар Русия усқуфи калисои ортодокси ин кишвар бо дифоъ аз ҳаққи ҳиҷоб барои бонувони мусалмон гуфт, пайравони адёни осмонӣ ба хотири дифоъ аз арзишҳои эътиқодии худ омодаанд, ҷонашонро аз даст бидиҳанд ва ин мавзӯъ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Усқуфи машҳур ва масъули калисои ортодокси Валакаламскийи  Русия доштани ҳиҷобро ҳаққи машрӯи бонувони мусалмон хонд ва аз он дифоъ кард.

Ба гузориши сойти радиои калисои ортодокси Русия, усқуф Илларион таъкид кардааст, дар динҳои осмонӣ фарзҳое вуҷуд доранд, ки пайравони он омодаанд, барои дифоъ аз ин фарзҳо ҷонашонро аз даст бидиҳанд, бинобар ин набояд эътиқодоти мазҳабиро ба унвони умури фардӣ дар ҷомеа маҳдуд кард. Ин усқуф афзуд, бар асоси иддои ҷараёнҳои дунявӣ, бонувони мусалмон набояд ҳиҷоб дошта бошанд, масеҳиён бояд аз овехтани салиб ба гардани худ даст бардоранд, ёдоварии номи Худо бояд аз қавонини асосии кишварҳо ҳазф шавад ва умуман, намодҳои мазҳабӣ бояд аз байн бираванд. Усқуф Илларион гуфт, тарафдорони андешаҳои дунявӣ муътақиданд, ки бо мамнӯияти ин иқдомот заминаи ихтилофоти мазҳабӣ дар ҷомеаҳои ба иддаои онҳо, демократ аз байн хоҳад рафт, аммо ин навъ бархӯрдҳои ғайримантиқӣ ва равишҳои хабарӣ натиҷаҳои баръакс дорад, зеро пайравони динҳои осмонӣ ба хотири арзишҳои эътиқодии худ омодаанд, ҷонашонро аз даст бидиҳанд ва ин мавзӯъ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Дар пайи доғ шудани баҳсҳо дар бораи мамнӯияти рӯсарӣ барои донишҷӯён ва донишомӯзони мусалмон дар марокизи омӯзишии Русия усқуф Всеволод Чаплин, яке аз масъулини калисои ортодокси Русия низ бо маҳкум кардани ин иқдом онро "авбошии сиёсӣ дар пӯшиши ҳуқуқи дурӯғин" унвон кард.