Тазоҳуроти густурда алайҳи табаддулотгарон дар Истанбул
(last modified Mon, 25 Jul 2016 13:57:12 GMT )
Июл 25, 2016 18:57 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густурда алайҳи табаддулотгарон дар Истанбул

Даҳҳо ҳазор тан аз ҳаводорони ҳизбҳои ҷумҳурии халқ, адолат ва тавсеа дар маҳкум кардани табаддулотгарону ҳимоят аз озодӣ асри рӯзи якшанбе дар Истанбули Туркия таҷаммӯъ карданд.

Ба гузориши ИРНА, ин таҷаммӯи густурда бо даъвати Ҳизби ҷумҳурии халқ, ҳизби мухолиф оғоз шуд ва Ҳизби адолат ва тавсеа, ҳизби ҳоким дар Туркия бо эъломи ҳамбастагӣ бо шиори "Ҳимоят аз демократия ва мухолифат бо табаддулот" аз ҳаводорони худ хост, ки дар ин тазоҳурот ширкат кунанд. Шуморе аз намояндагони парлумон ва сокинони Истанбул аз ҳизби ҳоким низ дар ин иқдоми муштараки ду ҳизб ширкат карданд. 

Салоҳиддин Дамиртош, раиси Ҳизби демократи халқҳо дар суханронии худ таъкид кард, ин ҳизби ҳамзамон мухолифи Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ва мухолифи табаддулоти нофарҷоми ахир аст. Ӯ ҳангоми суханронӣ дар ҷамъи ҳазорон тан аз тарафдоронаш дар Истанбул гуфт: "Мо ҳамзамон зидди Урдуғон ва зидди табаддулот ҳастем".

Ба дунболи табаддулоти Туркия дар санаи 15 июл давлати Анкара ангушти иттиҳоми табаддулотро ба суйи Гулен дароз карда, гуфт, ки тарафдорони ӯ иқдом ба кудато кардаанд. Коршиносон мегӯянд, ин рӯйдод ба ваҳдати нисбии аҳзоби мувофиқу мухолифи давлати Анкара мунҷар шудааст. Аҳзоби мухолифе, ки бо кулли тарҳҳои раисҷумҳури Туркия мухолифат мекарданд ва ба истеъфои Раҷаб Тайид Урдуғону ҳукумати таҳти умури ӯ таъкид доштанд, пас аз табаддулоти нофарҷом ба ҳамкорӣ бо ҳизби ҳоким тарғиб шудаанд. Баргузор шудани тазоҳурот бо ширкати даҳҳо ҳазор нафарро метавон танҳо як намунае аз ин ваҳдату ҳамдилӣ арзёбӣ кард. Се ҳизби мухолифи давлати Анкара, ҳизбҳои ҷумҳурии халқ, ҳаракати миллӣ ва Ҳизби демократии халқҳои Туркия бо анҷоми кудато ва ҳазфи Ҳизби ҳадолат ва тавсеа мухолифат кардаанд.

Дар пайи шикасти кудатои Туркия тайи рӯзҳои гузашта беш аз даҳ ҳазор тан, аз ҷумла мақомҳои низомӣ, додрасу додситонҳои Туркия дар иртибот ба ин кудато боздошт шудаанд. Ба гузориши пойгоҳи хабарии "ал-Масира", артиши Туркия эълом кардааст, 42 чархболу 14 киштии ҷангӣ аз замони кудатои низомӣ дар ин кишвар  гум шудааст. Бинобар ин гузориш, як мақоми сиёсии Туркия дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN гум шудани 42 чархболи нерӯҳои ҳавоии Туркияро ҳангоми кудатои низомӣ таъкид кардааст.

Дар айни ҳол Ҳукумати Туркия замони боздошти дастгиршудагонро аз 4 рӯз ба 30 рӯз афзоиш додааст.  Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар ҳоле ки як ҳафта аз кудатои нофарҷоми Туркия сипарӣ шудааст, вокунишҳои ҳукумати Раҷаб Тайиб Урдуғон ба ин кудато ҳамчунон идома дорад. Бинобар ин гузориш, баробари тадбирҳои давлати Анкара додгустарии Туркия 1200 тан аз низомиёни боздоштшударо эълом кард. Ин нахустин гурӯҳ аз озодшудагон аз боздоштгоҳи муваққатӣ аз замони табаддулоти нофарҷоми 15 июл дар ин кишвар маҳсуб мешавад, ки дар пайи он 7400 низомӣ боздошт шуданд. Ба навиштаи яке аз рӯзномаҳои расмии Туркия, яке дигар аз тадобири ҷадиди давлат ихроҷи ҳамешагии коргароне аст, ки бо Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари маънавии нурчиҳои Туркия иртибот доранд. Гулен касе аст, ки аз сӯйи ҳукумат ба даст доштан дар ин кудато муттаҳам аст.