Ҳузури низомиёни қазоқ дар рақобати танкӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i71920-Ҳузури_низомиёни_қазоқ_дар_рақобати_танкӣ_дар_Русия
Гурӯҳе аз беҳтрин нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон барои ширкат дар рақобатҳои “Биатлони танкӣ” –и рақобати байналмилалии “Артиш -2021” вориди пойгоҳи Алабинои Маскав шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2021 06:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури низомиёни қазоқ дар рақобати танкӣ дар Русия

Гурӯҳе аз беҳтрин нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон барои ширкат дар рақобатҳои “Биатлони танкӣ” –и рақобати байналмилалии “Артиш -2021” вориди пойгоҳи Алабинои Маскав шуданд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, низомиёни қазоқистонӣ пас аз вуруд ба Маскав карантин ва аз онҳо тести корона гирифта шуд.

Пас аз анҷоми тамоми иқдомоти пешгиронаи коронаӣ ба низомиёни қазоқ равиши истифодаву бакоргирӣ аз танк (ТИ 72) омӯзиш дода мешавад.

Ба гуфтаи Амир Холиқов, фармондеҳи низомиёни қазоқ, дар ин давра қарор аст нерӯҳои қазоқ равишҳои савор шудани танк, боргирии муҳимот, нишонагириву шиллик ва пушти сар гузоштани мавонеъро омӯзиш бубинанд.

Имсол мусобиқоти биатлони танкӣ 22 август то 4 сентябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ намояндагоне аз 20 кишвари мухталифи ҷаҳон ширкат мекунанд.

 

Бештар бихонед: