Ноябр 07, 2016 17:27 Asia/Dushanbe
  • Омодабоши садҳо ҳазор нерӯи НАТО дар муқобили Русия

Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ба баҳонаи рушди таҳдидҳои Русия алайҳи Ғарб, наздик ба 300 ҳазор нерӯи худро ба ҳолати омодабош дароварда аст.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Йенс Столтенберг-дабири кулли НАТО гуфт, ки кишварҳои муттаҳид садҳо ҳазор нерӯро барои озмоиши тавони боздорандагии НАТО муқобили таҳдиди Маскав дар вазъияти омодабоши боло қарор додаанд.

Дабири кулли НАТО афзуд, дар солҳои гузашта Русия бо қотеъият артишро тақвият карда ва афзоиши се баробарии ҳазинаҳои дифоӣ аз соли 2000, тавсеаи тавонмандиҳои ҷадиди артиш, размоиши нерӯҳо ва истифода аз қудрати низомӣ алайҳи кишварҳои ҳамсоя, ҳама аз иқдомоти ахири Русия аст.

Столтенберг гуфт, Русия дар ҳоли таблиғоти густарда дар миёни муттаҳидони НАТО дар Аврупо аст ва дақиқан ба ҳамин иллат аст, ки НАТО вокуниш нишон додааст.

Дар ҳоле, ки НАТО аз замони фурупошии Шӯравӣ, буҷети дифоӣ ва сармоягузории худ бар артишро коҳиш дода, Русия тавонмандиҳои низомии худро тақвият карда ва солона садҳо размоиш ва режа баргузор мекунад.