Пентагон аз озмоиши мушаки фаросавт хабар дод
Ожонси пружаҳои таҳқиқотии пешрафтаи низомӣ дар Вазорати дифои Амрико эълом кард, баъд аз ҳашт сол мушаки фаросавтиро бо муваффақият озмоиш кардааст.
Ба гузориши хабаргузории «Рейтерс», Пентагон дар баёнияе эълом кард, озмоиши ин силоҳ, ки аз сӯйи ширкати таслеҳотии «Ритион» тавлид шуда, муваффақ буда ва ин аввалин озмоиши муваффақи чунин силоҳи фаросавтӣ аз соли 2013 аст.
Ожонси пружаҳои таҳқиқотии пешрафтаи низомӣ (DARPA) дар Вазорати дифои Амрико дар ин бора гуфт, озмоиши ин тарҳи силоҳи ҳавоии фаросавт (HAWC) ҳафтаи гузашта анҷом шуда ва ин пружаро як гом ба афзуда шудан ба таҷҳизоти артиши Амрико наздиктар кард.
«Рейтерс» дар ин бора навишт: Ин озмоиш дар ҳоле анҷом шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ва рақибони ҷаҳонии он шитоби худро дар сохти силоҳҳои фаросавт афзоиш додаанд, насли баъдии силоҳҳое, ки замони вокунишу механизмҳои суннатии шикастро аз душманон мегиранд.
Силоҳҳои фаросавт дар болотарин сатҳи атмосфера бо суръати беш аз панҷ баробари суръати савт ё ҳудуди 6200 километр бар соат ҳаракат мекунанд.
Ҳафтаи қабл низ неруи дарёии Амрико аз озмоиши муваффақи ду мушаки атомӣ дар савоҳили Флорида бо ҳадафи намоиши қудрат ба муттаҳидону руқабо хабар дода буд.
Давлати Амрико соли 2019 хуруҷи Амрико аз Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурдро эълом кард.