Барф 100 парвозро дар Маскав лағв кард
(last modified Thu, 10 Nov 2016 08:08:35 GMT )
Ноябр 10, 2016 13:08 Asia/Dushanbe
  • Барф 100 парвозро дар Маскав лағв кард

Бориши барфи сангин, ки аз чаҳоршанбешаб Маскавро фаро гирифтааст, сабаби лағви беш аз 100 парвоз ва таъхири чандин парвози дигар ба мақсадҳои хориҷӣ ва дохилӣ ва эҷоди халал дар кори фурӯдгоҳҳову саргардонии мусофирон шудааст.

Ба гузориши ИРНА, фурӯдгоҳҳои “Шереметево”, “Домодедово” ва “Внуково” афзун бар лағви парвозҳо, барномаи замонии чандин парвозро низ тағйир додаанд то шароит барои ҳаракат омода шавад.

 Фурӯдгоҳи “Домодедово” бо 88 лағву 10 таъхири парвоз, бештарин тағйирро дар барномаҳои кории худ додааст.

Бориши барф дар Русия то фардо низ идома дорад ва эҳтимоли афзоиши шумори лағву таъхири парвозҳо дур аз интизор нест.

Шароити обу ҳавоиву боришҳои мудовими барф дар Русия барои шашмоҳаи дуввуми сол эҳтимоли лағв ё таъхир дар парвозҳову ҳатто ҷобаҷоии фурӯд дар фурӯдгоҳҳои дигари манотиқро афзоиш медиҳад.