Вокуниши Русия ба тасмими Брюссел барои таҳрими Беларус
(last modified Wed, 10 Nov 2021 10:06:55 GMT )
Ноябр 10, 2021 15:06 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Русия ба тасмими Брюссел барои таҳрими Беларус

Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид қасди Иттиҳоди Аврупо барои таҳрими Беларусро ба далели буҳрони паноҳҷӯён, ғайримантиқӣ тавсиф кард.

Василий Небензя дар нишасти Шӯрои амнияти Созмон Милал гуфт, замоне ки иттифоқи мушобеҳе дар дигар марзҳои Иттиҳоди Аврупо рӯй доду муҳоҷирон аз кишварҳои дигар ба сӯи Иттиҳоди Аврупо равона буданд, суҳбатҳои шумо комилан мутафовит буд.

Ин мақоми рус тасмими Иттиҳоди Аврупо барои таҳрими Беларусро ношӣ аз адами тамоюли ин иттиҳодия барои пазириши паноҳҷӯён донист ва афзуд, далеле надорад Ғарб масъулиятро доимо бар ӯҳдаи тарафи бегуноҳ бигузорад.

Бино бар изҳороти Небензя, паноҳҷӯён дар марзҳои Беларус бо Полша ва Литва дар талош барои расидан ба Иттиҳоди Аврупо ҳастанд ва қасде барои боқӣ мондан дар Беларус надоранд.

Тайи рӯзҳои ахир ҳазорон паноҳҷӯ дар марзи Беларус бо Полша мустақар шудаву мақомҳои лаҳистонӣ бо қарор додани сими хордор ва истиқрори артиш дар марз, монеъ аз вуруди муҳоҷирон ба Иттиҳоди Аврупо мешаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки шароит дар марзи Беларус бо Полша бисёр буғранҷ будаву паноҳҷӯён дар сармои шадид бо камбуди мавади ғизоӣ ва об мувоҷеҳанд.