Роҳёбии Швейтсария ва Англия ба Ҷоми ҷаҳонии Қатар / Италия ба сарнавишти Португалия дучор шуд
(last modified 2021-11-16T07:30:16+00:00 )
Ноябр 16, 2021 12:30 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии Швейтсария ва Англия ба Ҷоми ҷаҳонии Қатар / Италия ба сарнавишти Португалия дучор шуд

Таваққуфи Италия дар рақобатҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022, Швейтсарияро ба ҳамроҳи Англия роҳии Қатар кард.

Ба гузориши ИРНА, мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар қораи Аврупо, душанбешаб бо баргузории дидорҳое ҳассос пайгирӣ шуд, ки дар поён Англия ба Ҷоми ҷаҳонӣ расид ва Италия натавонист садрнишини гурӯҳаш шавад то Швейтсария роҳхати ин мусобиқотро касб кунад.

Италия, қаҳрамони Евро – 2020 дар хонаи Ирландияи Шимолӣ бо тасовии бидуни гол аз ҷоми ҷаҳонӣ бозмонд то бо тавваҷуҳ ба пирӯзии чаҳор бар сифри Швейтсария дар муқобили меҳмонаш Булғористон, Италия садрнишинии гурӯҳи сеюмро аз даст додаву Швейтсария бо 18 имтиёз ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёбад.

Италия баъд аз Португалия ба дуюмин тиме табдил шуд, ки ба Плей-офф меравад. Италия бо тавваҷуҳ ба натиҷаи Швейтсария бояд бо се гол аз садди Ирландияи Шимолӣ мегузашт.

Аз байни 12 тими марҳалаи Плей-офф танҳо се тим ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ меёбанд.

Италия ба Ҷоми ҷаҳонии 2018 нарасид ва бояд дид дар ин давра чӣ иттифоқе рух медиҳад.

Дар гурӯҳи нуҳум Англия ҷашнвораи гол ба роҳ андохт ва мизбонаш Сан- Мориноро, ки дар ҷараёни бозӣ 10 нафара шуд, бо 10 гол дарҳам кӯбид то бо 26 имтиёз ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёбад.

Полша низ дар ин гурӯҳ муқобили меҳмонаш Маҷористон бо натиҷаи 2 бар як шикаст хӯрд то Полша ҳам бо 20 имтиёз ба марҳалаи Плей-офф биравад.

 

Барчасп