Мавозеъи Арманистон дар бораи иқдомоти таҳрикомези Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Sun, 21 Nov 2021 08:58:23 GMT )
Ноябр 21, 2021 13:58 Asia/Dushanbe
  • Мавозеъи Арманистон дар бораи иқдомоти таҳрикомези Ҷумҳурии Озарбойҷон

Бо вуҷуди нақсҳои мавҷуд дар мафоди тавофуқномаи даҳ модаии сулҳи Қарабоғ, ки дар нимашаби 9 ноябри соли гузаштаи мелодӣ миёни сарони ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнҷигарии Русия имзо шуд, дар ибтидо тасавур бар ин буд, ки ин муноқишаи дарозмуддат ба сурати комил ҳаллу фасл шудааст.

Аммо гузари замон ин ҳақиқатро собит кардааст, ки ин муноқиша ҳамчунон идома дорад ва ба ҳар баҳонае дар хатҳои тамосии неруҳои озарӣ ва арманӣ даргириҳои хунин, нақзи муқарароти оташбас дар хатҳои тамоси нерӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон саба шудааст, созмонҳои байналмиллаӣ натавонистан муқасири аслиро шиносоӣ ва муъарифӣ кунанд.

Ҷоӣ шубҳа нест, ки тарҳи итиҳомҳои ҳарду тараф даргир ба якдигар сирфан заминаҳои ташдиди хусуматҳои мутақобилро тақвият ва беэътимоди миёни Боку ва Эронро тақвият мекунад.

Дар ин шароит мақомоти Арманистон ба манзури исботи таъарузи  Ҷумҳурии Озарбойҷон забони сукутро шикаста ва вориди майдон шуданд.

Дар ҳамин иртибот Армен Саркисян, раиси Ҷумҳурии Арманистон дар суханоне дар маҷмаъи иқтисоди нави Булумберг иқдомоти таҳрикомез Ҷумҳурии Озарбойҷонро ташриҳ кардааст. Саркисян, ки барои ширкат дар ин гирдиҳамо ба Сангопур сафар карда буд, дар бахше аз суханони худ ба ҳамалоти ахири неруҳои Арманистон ба марзи муштараки ду кишвар ишора карду гуфт: Соли гузашта дар дарвараи сахти ҳамагирӣ, кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷанги фоҷеъабореро дар миқёси бузург дар минтақаи Қарабоғ ба роҳ андохт ба тавре, ки иқдомоти таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Озарбойҷон талафоти ҷонӣ ва хисоратҳои зиёде ба ҷамъият ва табиат ворид карда аст"

Идомаи табодули оташбас миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон

Дар ин замина коршиносони низомии Арманистон дидгоҳи ҷанги хазанда тавасути Ҷумҳурии Озарбойҷонро матраҳ карданд.

Коршиноси арманӣ мегӯяд, дар моҳи майи соли 2021 замоне, ки низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ба қаламрави Арманистон дар ду киламетри минтақаи Сиюник ҳамла карданд, дар ҳақиқат ҷанги наву хазанда миёни ду тараф оғоз шуд ва бадеҳист, ки ин раванд ҳамчунин идома хоҳад дошт. Шоҳиди он ҳам таҳрик дар Сиюник буд дар воқеъ ин таҳдиди ҷиддӣ на фақат барои Арманистон, балки барои минтақа аст.

Дар ин иртибот Вон Ҳомборд Зумиён, коршиноси низомии Арманистон муътақид аст: Чанд моҳе аст, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон бо илҳом аз пирӯзии ҷанги 44 рӯза тактики ҷанги хазандаи Сиюникро интихоб кардааст.

Вон Ҳомборд Зумиён ҳамчунин тасреҳ кард: Ҳадафи ниҳоии Ҷумҳурии Озарбойҷон дастёбӣ ба каридор дар устони Сиюник ва ба расмият шинохтани тамомияти арзии он аст, барои дарёфти каридор бо Туркия ва Нахҷавон аз тариқи Сиюник, ҷумҳурии Озарбойҷон ҳар коре, ки метавонад анҷом медиҳад.

Ин воқеъиятро набояд нодида гирифт, ки мақомоти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба манзури анҷоми тавсияҳои бархе давлатҳои бегона ва давлатҳои зинафъ дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ бо ворид сохтани фишор бар Арманистон мекушанд хостаҳои талафи севумро дар ин минтақа муҳақақ созанд. Яке аз муҳимтарин далилҳои фишорҳои беш аз як соли гузаштаи давлати Илоҳом Алиев бар Арманистон дар ихтиёр гирифтани каридори мавсум ба Зангзу аз Арманистон аст.

Ҳадаф аз ин иқдоми мақомоти Боку кушодани пои Туркия ба дарёи Хазар ва Осиёи Марказӣ ва ба истилоҳ пайванди кишварҳои мавсум ба туркзабон ба Туркия аст. Бо вуҷуди он ки дар заминаи туркӣ суҳбат суҳбат кардан ва туркзабон будани кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тардидҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад, шак нест бадеҳист, давлатмадорони Туркия ба баробари ҳимоятҳои лафзӣ дар ҷараёни муноқишаи Қарабоғ тавонистанд имтиёзҳои мутаадид аз давлати Илҳом Алиев дарёфт кунанд.

Мурури талошҳои охири давлати Илҳом Алиев ин ҳақиқатро исбот мекунад, ки баъид аст,  давлати Боку ва мардуми мусалмони Ҷумҳурии Озарбойҷон аз имтиёзҳои эътоӣ ба Туркия нафъ бибаранд дар ҳоле, ки Туркия натавониста аст аз муноқишаи Қарабоғ бахши муҳиме аз мушкилоти худро ҳаллу фасл кунад.

Ба ҳар ҳол, идомаи раванди мавҷуд нишон медиҳад, миллатҳои Қафқоз натанҳо баҳрае нахоҳанд бурд, балки Туркия ба унвони танҳо кишваре, ки бо таҷовуз ба бархе аз кишварҳои ҳамсоя дар тамоми хутутут шикаст хурдааст, ба баҳонаи кумак ба ҷумҳурии Озарбойҷон қасд дорад, тамоми мушкилоти дохилӣ ва минтақаии худро дар ҷабҳаи Қарабоғ ва ба кумаки ҷумҳурии Озарбойҷон ба натиҷа бирасонад. Ин дарҳоле аст, ки раванди мавҷуд нишон медиҳад, ки Ҳизби адолат ва тавсеаи Туркия пойгоҳҳои мардумии худро дар дохил аз даст дода ва баъид аст, ки битавонад дар соли 2023 бори дигар бар раъси ҳирами қудрат дар ин кишвар қарор бигирад.

 

Бештар бихонед:

Идомаи танишҳои марзӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон

Нишасти сеҷонибаи Маскав дар бораи Қарабоғ