Ноумедии мардум аз низоми сиёсӣ дар Амрико
(last modified Tue, 07 Dec 2021 09:34:57 GMT )
Декабр 07, 2021 14:34 Asia/Dushanbe
  • Ноумедии мардум аз низоми сиёсӣ дар Амрико

Назарсанҷиҳои ҷадид нишон медиҳад, ҳамзамон бо афзоиши рӯзафзуни норизоиятии мардуми Амрико, ҳампаймонони ин кишвар низ ба низоми сиёсии Иёлоти Муттаҳида беэътимод шудаанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Си Си ТВ Плюс, натоиҷи назарсанҷии тозае, ки тавассути муассисаи сиёсати донишкадаи Кенеди дар Донишгоҳи Ҳорвард анҷом шуда, нишон медиҳад, бештари ҷавонони амрикоӣ бар ин боваранд, ки вазъияти демократия дар Амрико рӯ ба нокомӣ ва шикаст пеш меравад.

Бар пояи натоиҷи ин назарсанҷӣ, 93 дарсад аз ҷавонони амрикоӣ ин гуна меандешанд, ки низоми демократияи амрикоӣ вазъияти хубе надорад.

Ҳамчунин 39 дарсад бар ин боваранд, ки низоми демократӣ дар Амрико ба дардисар афтода ва 13 дарсад ҳам мегӯянд, демократия дар Амрико шикаст хурдааст.

Илова бар ин, тибқи гузориши муассисаи байналмилалии Демократия ва ҳамёрии интихоботӣ, бо мавзӯи вазъияти демократия дар ҷаҳон, ки дар моҳи ноябр мунташир шуд, Амрико дар миёни кишварҳое, ки дучори табоҳӣ ва нобудии демократӣ шудаанд, қарор гирифтааст.