Декабр 11, 2021 13:22 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъули инфиҷорҳои дирӯзи Кобул

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамалоти хунини рӯзи гузашта дар ғарби Кобул, пойтахти Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Ғарби Кобул асри ҷумъа шоҳиди чанд инфиҷори пайи дарпайи буд. Вазорати кишвари давлати муваққати Толибон бо таъйиди ин инфиҷорҳо гуфтааст, ки бар асари ин инфиҷорҳо ду тан кушта ва чаҳор тани дигар, аз ҷумла як зан захмӣ шудаанд.

Бо ин ҳол шоҳидон шумори талафотро бештар аз омори эълом шудаи Толибон медонанд.

Пас аз тасаллути Толибон дар Афғонистон ҳамалоти гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон шиддати гирифта ва аксаран масъулияти ин гӯна ҳамалотро ин гурӯҳ бар ӯҳда гирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин мақомоти Толибон дар гуфтугӯ бо расонаҳо таъкид карда буданд, ки ДИИШ таҳдиде ҷиддӣ барои Афғонистон нест ва бисёре аз махфигоҳҳои онон аз байн рафтааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп