Ноябр 13, 2016 20:31 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамони бокси сангинвазни Англия мусулмон шуд

Боксёри маъруфи англис бо тағйири номи худ ба Риёз Тайсон Муҳаммад эълом кард, ки ба дини мубини Ислом гиравидааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи пойгоҳи хабарии “Экспресс”-и Англия, Тайсон Фюри, қаҳрамони бокси сангинвазни Англия аксе аз худ дар Твиттер мунташир кард, ки дар он либоси суннатии исломӣ бар тан дорад.

Фюри бо тағйири номи худ ба Риёз Тайсон Муҳаммад, дар қисмати баюграфияи Твиттер, матлабе ҳам бо унвони "Иттиҳоди ҳамаи адён ва талош барои зиндагӣ бар асоси каломи Худо" навиштааст.

Ҳаводорони Фюри мегӯянд, ки ӯ қадам дар ҷойи пойи Косиус Клей, қаҳрамони машҳури олами бокс гузошта, ки дар соли 1964 мусулмон шуд ва номи худро ба Муҳаммад Алӣ тағйир дод.

Исломҳаросӣ боиси ҷалби таваҷҷуҳи афкори умумӣ дар ҷомеаи ғарбӣ, ба хусус ҷавонон ва занон ба шинохти Ислом ва гиравидан ба ин дини мубин шудааст.

Касоне, ки дар ҷавомеи ғарбӣ ба дини Ислом гароиш пайдо мекунанд, аз табақоти таҳсилкарда, равшанфикр ва варзишкорони ҷомеаи Аврупо ҳастанд.