Вирусшиноси олмонӣ: Густариши Омикрон метавонад як шанс бошад
Мудири Институти вирусшиносии Шаритеи Берлин эълом кард, густариши навъи Омикрони вируси корона метавонад ҷанбаҳои мусбате дошта бошад.
Кристиян Дростен, мудири Институти вирусшиносии Шаритеи Берлин гуфт, навъи Омикрони вируси корона метавонад ба Олмон кумак кунад аз марҳалаи пондемӣ ба мавқеияти андемӣ бирасад.
Дростен афзуд, андемӣ марҳалае аст, ки дар он вирус тазъиф ва бумӣ шуда ва монанди вируси онфулонзо вуҷуд дорад, аммо қудрати сирояту кушандагии он коҳиш ёфтааст. Ибтило ба навъи Омикрон монанди қатор дар ҳоли ҳаракат аст, ки фард савори он мешавад.
Ба гуфтаи Дростен, Омикрон аз қудрати сирояти бештар аммо беморизоии камтаре бархӯрдор аст.
Муассисаи Роберт Кох, марҷаи расмии гирдоварӣ ва интишори омори марбут ба корона дар Олмон эълом кард, дар шабонарӯзи гузашта 52 ҳазору 504 мавриди ибтилои ҷадид ба корона шиносоӣ шуда, ки нисбат ба якшанбеи гузашта ҳудуди 16 ҳазор маврид афзоиш доштааст.