Човушуғлу: Сомонаҳои С - 400-ро ба Украина нахоҳем дод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i83234-Човушуғлу_Сомонаҳои_С_400_ро_ба_Украина_нахоҳем_дод
Вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, Анкара сомонаҳои С - 400 - ро ки аз Русия хардидорӣ кард, ба Украина нахоҳад дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 27, 2022 16:01 Asia/Dushanbe
  • Човушуғлу: Сомонаҳои С - 400-ро ба Украина нахоҳем дод

Вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, Анкара сомонаҳои С - 400 - ро ки аз Русия хардидорӣ кард, ба Украина нахоҳад дод.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии рӯзномаи "Туркия", чопи Истанбул, Мавлуд Човушуғлу дар ҳамоиши байналмилалии Доҳа гуфт, ин сомонаҳо ба Анкара таҳвил дода шуд ва бархеҳо аз Туркия мехоҳанд, ки сомонаи С - 400 - ро ба Украина ирсол кунад, аммо чунин чизе ба ҳеҷ ваҷҳ матраҳ нест.

Човушуғлу ҳамчунин бо ишора ба ин ки Анкара бо талошҳояш барои миёнҷигарӣ байни Украина ва Русия идома медиҳад, гуфт: Украина инро дарёфт, ки наметавонад узви НАТО шавад ва бисёре аз кишварҳои узви НАТО низ бо узвияти Украина ва Гурҷистон мухолифанд.

Вазири хориҷаи Туркия афзуд: Украина шанси онро надорад, ки миёни Ғарб ва Русия якеро интихоб кунад ва бояд сиёсати таодулро пеш гирад.

Ҷанги Украина дар ҳоле як моҳро пушти сар мегузаронад, ки 25 кишвар иқдом ба ирсоли таслеҳоти мухталифи низомӣ барои Киев карданд ва ин дар ҳоле аст, ки Русия таъкид кард, қасде барои шиғоли Украина надорад.

Русия дар моҳҳои гузашта бо ҳушдор дар бораи тавсеаталабии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар шарқи Аврупо пешниҳодоти замонати амниятиро ба Амрико ва НАТО ироа дод, аммо  ин пешниҳодот рад шуданд ва ниҳоятан мунҷар ба оғози ҷанг шуд, ки Амрико ва Ғарб ба ҷойи коҳиши таниш талош дар буҳронӣ кардани вазъият бо иқдомоти мудохилагароёна ҳастанд.

 

Бештар бихонед:

Радди эҳтимоли оташбас дар замони музокироти Русия ва Украина аз сӯи Маскав