Март 30, 2022 16:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Музокироти Истанбул ва таъкид бар узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо
    Таҳлил: Музокироти Истанбул ва таъкид бар узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо

Даври ҷадиди музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи сешанбе дар Истанбули Туркия баргузор шуд.

Девид Орхомиё "David Arakhamia" раиси ҳайати украинӣ пас аз музокирот бо Русия эълом кард, ки ҳеҷ кас наметавонад монеъи пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо шавад. Вай бо баёни ин ки ду тараф ҳануз дар бархи маворид ба тавофуқ нарасиданд ва тарафи украинӣ ҳеҷ тайидияе аз тарафи Русия дарёфт накарда аст эълом кард, ки дар сурати ҳаргуна тавофуқ бо Русия,  Украина ҳамапурси баргузор хоҳад кард.

Владимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина низ сешанбе эълом кард, паёмҳои мусбат дар музокироти сулҳи бо Русия вуҷуд дорад, бо ин ҳол у таъкид кард, ки то замони поёни ҷанг, таҳримҳои Русия набояд лағв шаванд.

Русия дар пайи музокироти рӯзи сешанбе миёни ҳайатҳои ин кишвар ва Украина дар Истанбул эълом кард, ки қасд дорад фаъолиятҳои низомии нерӯҳои худро дар шимоли Украина ба мизони қобили мулоҳиза коҳиш диҳад, аммо Пентагон бо радди ин иддао гуфт, ки нишонаи аз ақибнишини надида аст.

Масъалаи муҳиме, ки дар музокироти Истанбул мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, қабули бетарафӣ ва узв нашудани Украина дар НАТО ва дар айни ҳол таъкид бар лузуми узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо буд мавзуъе, ки мавриди қабули Русия низ қарор гирфита аст. Пеш аз ин Зеленский бо ақибнишинӣ аз мавозеъи қаблии худ эълом кард, ки ҳозир аст дар раванди сулҳ бо Русия аз хостаҳои худ ақибнишинӣ карда ва ба кишвари бетараф дар  тақобули миёни Ғарб ва Русия табдил шавад.

Пас аз таҳавулоти соли 2014 ва рӯи кор омадани як давлати ғарбгаро дар Украина дар ростои пайвастан ба блоки Ғарб масъалаи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар матни қонуни асосии Украина гунҷонда шуда буд.

Амрико ва шарикони аврупоӣ он ҳамгом бо Вашингтон низ ба ҳаводори аз узвияти Украина дар НАТО пардохтанд, аммо дар бораи узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо дидгоҳи мусбат дар байни кишварҳои ин иттиҳодия вуҷуд надошта аст.

Владимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина пас аз ҳамлаи Русия ба Украина хостори пайвастани фаврии Украина ба Иттиҳодияи Аврупо шуд ва таъкид кард, ки миллати Украина ҳақ дорад ба узвият дар ин ниҳоди аврупоӣ даст ёбад ва таъйиди узвияти ин кишвар дар ин иттиҳодия нишондиҳандаи ҳимояти онҳо аз Киев хоҳад буд.

Петров Порошенков, раиси ҷумҳурии пешини Украина мегуяд: Пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳадафи стратежӣ барои мо аст.

Бо ин ҳол Иттиҳодияи Аврупо вокуниши мусбат ба ин хостаи Зеленский нишон надод, ба рағми иштиёқи Украина барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо, аммо вокуниши Бруюссел ба ин хостаи Киев манфи будааст. Мухолифати сареҳи Олмон ба унвони муҳимтарин кишвари Иттиҳодияи Аврупо ва бузургтарин иқтисоди Аврупо бо узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо, умеди раиси Ҷумҳурии Украина барои узвияти фаврӣ дар ин ниҳоди аврупоиро нақши бар об кард ва чашмандозии мусбати дар ин замина боқӣ нагузоштааст. Бо вуҷуди инки парлумони Аврупо дар марти 2022 дархости узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупоро тасвиб кард, бо ин ҳол Урсула фон дер Ляйен, раиси каммисиони Аврупо бо таваҷҷӯҳ ба дархости Украина барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки ин масъала як фарояндаи замонбар аст. Ӯ гуфт, ки мардуми Украина мутаалиқ ба хонаводаи Аврупо ҳастанд, аммо узвият дар иттиҳодия дар мароҳил ва фароянде дорад, ки бояд тай шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба меъёрҳо ва истондортҳои Иттиҳодияи Аврупо ва фосилаи Киев аз ин стандартҳо ба вижа дар заминаи мубориза бо фасоди молӣ ва идорӣ, асосан таҳаққуқи хостаи Зеленский барои узвияти фаврии Украина дар ин Иттиҳодия номумкин аст.

Акнун Украина аз лиҳози фасод рутбаи 117 дар ҷаҳон буда ва аз фосидтарин кишварҳо дар Аврупо дар заминаи фасоди молӣ ва идорӣ маҳсуб мешавад. Вазъияти иқтисодии Украина низ дар солҳои ахир руӯ ба таназул ниҳода аст, ҳамаи инҳо эҳтимоли узвияти ин кивар дар Иттиҳодияи Аврпуро бисёр кам намуда аст зимни ин ки яке аз муҳимтарин шароите, ки Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои хоҳони узвият таъйин кард ҳалу фасли тамоми ихтилофоти сарзаминӣ ва марзӣ бо ҳамсоягонаш аст, ба ин тартиб бо вуҷуди мухолифати Русия бо узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо, аммо Маскав низ ба хубӣ аз ин масъала огоҳ аст, ки фарояндҳои таҳаққуқи ин амр бисёр дарозмуддат аст ва лизо ҳасосияте дар ин замина аз худ нишон надодааст, ончи барои Русия аҳамият дорад, ки ба он низ даст ёфт узв нашудани Украина дар НАТО аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп