Апрел 09, 2022 10:58 Asia/Dushanbe
  • Туркия бо раҳбарии Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо  аксари кишварҳои вобаста ба ҷараёни ғарбгароӣ дар Ғарби Осиё бо мушкилоти мутааддиде мувоҷеҳ шуд
    Туркия бо раҳбарии Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо аксари кишварҳои вобаста ба ҷараёни ғарбгароӣ дар Ғарби Осиё бо мушкилоти мутааддиде мувоҷеҳ шуд

Руйдодҳои Туркия пас аз дахолатҳои низомӣ дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя ва талош барои ишғолӣ бахшҳое аз заминҳои Сурия ва Ироқ , аз соли 2018мелодӣ мушкилоти ин кишварро дар заминаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ ба таври бесобиқае ташдид кардааст.

Пас аз мудохилоти низомии Туркия дар умури Сурия ва Ироқ ба рағми мухолифати давлатҳои Дамишқ ва Бағдод давлати Туркия бо раҳбарии Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо  аксари кишварҳои вобаста ба ҷараёни ғарбгароӣ дар Ғарби Осиё бо мушкилоти мутааддиде мувоҷеҳ шуд.

Бархе аз ин мушкилот аз равобити дуҷонибаи Туркия бо режими нажотпарасти Ироил, Миср, Иморот ва Арабистон ва Баҳрайн ноши мешуд ва бархе аз ин мушкилот бо сиёсатҳои минтақаии давлати Эрдуғон муртабит будааст. Ин воқеъиятро низ набояд нодида гирифт, ки талоши мақомҳои давлати Анкара  ба манзури нишон додани сиёсатҳои  ба зоҳир мустақил   дар қиболи масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва фосила гирифтан аз Амрико ва Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ  НАТО ба унвони бозуи низомии ин кишвар ва ҳамчунин иттихози сиёсатҳои мустақил аз Иттиҳодияи Аврупо, заминаҳои бурузи мушкилоти ин кишварро яке пас аз дигаре фароҳам кардааст. Илова бар Сурия ва Ироқ , таҳрикоти низғомии Туркия дар шарқи дарёи Мадинатарона низ баҳонаҳои лозим барои давлатҳои ғарбӣ фароҳам кард, то илобар фосила гирифтан аз ин кишвар, ба муқобила бо хостаҳо ва манобеи Туркия   бо муттаҳидони ғарб дар минтақа  мушкилоти музоафе барои давлатмардони турк фароҳам кард ва бӯҳронҳои иқтисодӣ ва молии ин кишвар ноши мешавад, аз моҳҳои поёни соли гузаштаи мелодӣ ба тағири сиёсатҳои хеш дар қиболи Амрико, Аврупо, режими саҳюнистӣ, Арабистон, Иморот ва Миср иқдом карданд.

Ин тағири сиёсатҳои давлати Эрдуғон, ки дар маҳофили сиёсии дохилии Туркия ба унвони иқдоми таҳқиромезе қаламдод шудааст, токунун на танҳо аз мушкилоти ин кишвар накостааст, балки вазъияти бӯҳронии ин кишварро низ ташдид кардааст.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, бо ташдиди бӯҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти молӣ ва пулии давлат ва муъзалоти маишатии мардуми Туркия, сиёсати хориҷаи давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон бори дигар ба самти ҳамкори бо режими ишғолгари Қудс, Амрико, Миср ва давлатҳои муртаҷеъи арабии ҳошияи Халиҷи Форс мутамойл шудааст.

Дар ҳоле, ки мушкилоти аслии давлат ва мардуми Туркия пас аз ҳамла ба ҳамсоягон ошкор шудааст аммо чунин ба назар мерасад, ки мақомҳои давлати Эрдуғон ба тасавури ин, ки ба бозгаштан аз сиёсатҳои Анкара дар қиболи ҷараёни ғарбгароӣ ва саҳюнизми байналмиллал, метавонанд бар мушкилоти дохили ва минтақаии Туркия пирӯз шаванд, ба самти ҳамкори бо ин кишварҳо мутамойл шудаанд. Кишварҳои минтақа, ки бо Туркия таззоди манофеъ доранд ҳамагӣ ба ин ҳақиқат воқиф ҳастанд. ки давлати Эрдуғон ба манзури поён додан ба бӯҳрони иқтисодӣ ва молӣ ва мушкилоти маишатии мардум ба ин ҳамкориҳо тан додаанд. Ба ҳамин далел дар музокирот бо мақомҳои Анкара ба ҷои додани имтиёз ба дарёфти имтиёз аз давлати Эрдуғон иқдом мекунанд.

  • Дар ин иртибот сайти "Довор" ки як расонаи ғабгароӣ коргарии ибризабон аст. ба нақл аз яке аз таҳлилгарони ин сайт, навишт: Мушкилоти иқтисодӣ ва таварруми бисёр боло дар канори суқут арзиши пули миллии Туркия боис шудааст то Эрдуғон дар муҳосиботи сиёсии худ бознигарӣ ва талош кунад то равобити худро бо  бархе аз  тарафҳои минтақаӣ аз ҷумла Исроил, Миср ва Арабистон беҳбуд бахшад.

Ба ҳар ҳол пас аз дидори ахир Эрдуғон бо раиси режими саҳюнистӣ, давлати Анкара ба вижа раиси ҷумҳурии Туркия ҳимоят аз ормони мардуми Фаластинро аз ёд бурдааст. Ин нишон медиҳад, ки мақомҳои Туркия бештар тамойл ба ҳарф ва шиъор доранд то ин. ки дар майдони амал ворид шавад. Ба иборати дигар, давлати Эрдуғон, ки дар ҳарф ва шиъор аз ормони миллати Фаластин дифоъ мекард, ба  ногоҳ алайҳи давлат ва мардуми Фаластин мавзеъгири кардааст. Давлати Туркия дар нахустин вокуниш ба анҷоми амалиёти шаҳодатталабонаи як узви ҲАМОС дар Исроил, ин амалиётро маҳкум кард. Сафорати Туркия дар Фаластини ишғолӣ дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ, амалёти шаҳодатталабонае анҷом шудаи ахир дар Тел-Авивро маҳкум ва нисбат ба афзоиши ин гуна амалиёт ибрози нигаронӣ кардааст. Дар баёнияи сафорати Туркия дар Исроил ҳамчунин ба хонаводаҳои қурбониёни саҳюнистӣ таслият гуфта шудааст. Дар вокуниш ба ин мавзеъгирии давлати Туркия, Ҳозим Қосим сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ба мавозеъи Туркия дар қиболи амалиёти шаҳодатталабона дар Тел-Авив  вокуниши манфи нишон дод.

  • Ҳозем Қосим эълом кард: ҲАМОС иқдоми сафорати Туркия дар маҳкум кардан амалиёти талофиҷуёна алайҳи иштиғолгарони саҳюнистиро зишт мешуморад.

Дар як ҷамъбанди кулли аз шароити эҷод шуда бояд гуфт: мурури мушкилоти Туркия нишон медиҳад,ки ошкор шудани бӯҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти арзӣ ва бумии Туркия ба барқарории робита бо тарафҳои назири режими саҳюнистӣ иртибот надорад. Бидун шак Туркия то замоне ,ки Сурия ва Ироқро дар ишғоли худ дорад, увзои иқтисодӣ ва пулии Туркия бар ҳамин равол идома хоҳад дошт ва баъид аст дар ин замина беҳбуде ҳосил шавад. Илова бар ин бо мавзеъгириҳои мутаноқизи мақомҳои Анкара баъид аст , ки аз ин пас мардуми Фаластин ба чунин ҳомиёне умед дошта бошанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп