Ҳамроҳӣ накардани Ҷопон бо таҳрими нафтии Русия
(last modified Sat, 07 May 2022 06:19:04 GMT )
Май 07, 2022 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамроҳӣ накардани Ҷопон бо таҳрими нафтии Русия

Вазири иқтисод, тиҷорат ва санъати Ҷопон гуфта, кишвараш наметавонад фавран бо таҳрими нафтии эҳтимолӣ зидди Русия ҳамроҳӣ кунад.

Эъломи ҳамроҳӣ накардани Ҷопон бо таҳрими нафтии Русия он ҳам аз рӯи истисол, дар ҳоле аст, ки Токио то пеш аз ин аз ҳеҷ талоше барои кумак ба таҳти фишори гузоштани Русия фуругузор накардааст.

Ба гузориши Форс, Kōichi Hagiuda (Хагиуда, Коити), вазири иқтисод, тиҷорату санъати Ҷопон эълом карда, қатъи фаврии воридоти нафти Русия ин кишварро бо душворӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Вай ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни сафар ба Вашингтон матраҳ кардааст.

Суханони вазири Ҷопон як рӯз баъд аз он баён шуда, ки Иттиҳоди Аврупо сахттарин бастаи таҳримҳо алайҳи Маскав, ки таҳрими нафти хоми Русия ҷузви он астро пешниҳод додааст.

Вай гуфт: «Бо таваҷҷуҳ ба инки Ҷопон аз лиҳози манобе маҳдудият дорад мо бо мушкилоте барои ҳамроҳии фаврӣ [бо таҳримҳои нафтӣ алайҳи Русия] мувоҷеҳ хоҳем шуд.»

Русия аз рӯзи 24 феврал дастури ҳамлаи низомӣ ба Украинаро содир кард.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳадаф аз амалиёти низомии кишварашро «ғайринизомӣ кардани Украина» ва «нозӣ зудоӣ» аз ин кишвар эълом кард.