Май 09, 2022 17:51 Asia/Dushanbe
  • Камбуди хадамоти саломати равон дар даврони баъд аз корона дар Австралия
    Камбуди хадамоти саломати равон дар даврони баъд аз корона дар Австралия

Раванди ру ба афзоиши муроҷеъа ба марказҳои хадамоти мушовираии дармонӣ дар Австралия, ки аз ҷумла паёмадҳои ҳамагирии корона баршуморида мешавад боис шуд бисёри аз равоншиносон натавонанд посухгӯи ин андоза аз дархостҳо бошанд.

Бар асоси оморе, ки анҷумани миллии мушовира дар Австралия мунташир кард 68 дарсад аз касоне, ки дар манотиқи деҳоти ва манотиқи дур аз шаҳрҳои бузург дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд дар 2 соли гузашта аз афсурдагӣ ва истироб ранҷ мебаранд чизе, ки аз он ба унвони бомбаи соати дар ҷомеъаи Австралия ёд мешавад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Скай Нюз, Флип Ормстронг, мудири анҷумани миллии мушовира дар Австралия дар бораи ин мизон аз шаҳрвандони австралияӣ, ки аз истироб ва афсурдагӣ ранҷ мебаранд, гуфт: Интишори ин оморо мавзуъи ғофилгиркунанда набуд, зеро мушовираи аз соли 2019 дар ин минтақаҳо мутаваққиф шуда аст.

Масоиле, ки барои коршиносони австралияӣ мояи нигарони шуд ин аст, ки 41 дарсад аз афроде, ки дар манотиқи деҳотии Австралия сокин ҳастанд ё аз назари молӣ қодир ба истифода аз хадамоти мушовирае, ки ба он ниёз доранд нестанд ё ба он дастрасӣ надоранд.

Ба гуфтаи Ормстронг масъала инҷо аст, ки 75 дарсад аз хадамоти пизишкӣ ва мушовираи ҳерфаӣ дар ҳавзаи шаҳрҳои бузурги Австралия монанди Мелбурн ва Сидней тамаркуз ёфт ва 25 дарсади боқимонда ба минтақаҳои дигари ин кишвар таъалуқ мегирад аз ин ру метавон гуфт манотиқи дигари Австралия аз ин назар дучори камбуд аст ва гоҳ барои дастрасӣ ба мушовира байни 6 то 8 ҳафта бояд дар интизор буд.

Мудири анҷумани миллии мушовира дар Австралия дар поён таъкид кард шаке нест, ки дар масалаи ироаи хадамоти мушовира ва саломати равон ба манотиқи дигари Австралия таваҷуҳи чандон нашуд ва намешавад.

 

Барчасп