Иқдомҳои душманонаи Австралия мукобили Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121736-Иқдомҳои_душманонаи_Австралия_мукобили_Эрон
Порстудей - Сарвазири Австралия рӯзи сешанбе як силсила иқдомҳои душманона алайҳи Эронро эълом кард ва Ҷумҳурии Исломиро ба ҳамлаҳои ба гуфтаи ӯ "зиддияҳудӣ" дар кишвараш муттаҳам кард.
(last modified 2025-08-26T07:57:21+00:00 )
Август 26, 2025 12:52 Asia/Dushanbe
  • Сарвазири Австралия Энтони Албанес
    Сарвазири Австралия Энтони Албанес

Порстудей - Сарвазири Австралия рӯзи сешанбе як силсила иқдомҳои душманона алайҳи Эронро эълом кард ва Ҷумҳурии Исломиро ба ҳамлаҳои ба гуфтаи ӯ "зиддияҳудӣ" дар кишвараш муттаҳам кард.

Энтони Албанес Эронро ба роҳбарӣ кардани камаш ду ҳамлаи зиддияҳудӣ дар Австралия муттаҳам кард ва гуфт, ки Канберра равобити дипломатиро бо Теҳрон қатъ мекунад. Сарвазири Австралия бидуни ироаи ягон далел иддао кард, ки хадамоти истихборотии Австралия Эронро ба ҳамлаҳо ба як тарабхона дар Сидней ва каниса дар Мелбурн иртибот додаанд. Аз оғози ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи муқовимати фаластинии Ҳамос дар соли 2023, дар ду шаҳри Австралия ҳодисаҳои зиддияҳудӣ афзоиш ёфтааст. Аммо хукумати Австралия бе пешниход кардани ягон далел бо иғвогарӣ ба шиддати вазъият рох дод. Ин дар ҳолест, ки Австралия дар моҳҳои ахир саҳнаи намоишҳои сершумори тарафдорони Фаластин шудааст.