Ҳамбастагӣ бо мусалмонони Мянмар
Тазоҳуроти ҳазорон мусалмон дар ҳимоят аз мусалмонони Мянмар нишон медиҳад, ки мусалмонони мянмарӣ танҳо нестанд.
Ҳазорон мусалмон аз кишварҳои исломӣ дар эътироз ба бадрафторӣ ва оворагии мусалмонони қавми Рохингя дар Мянмар даст ба тазоҳурот заданд.
Гузоришҳои дарёфтӣ аз Бангладеш, Тайланд, Малайзия ва Индонезия ҳокӣ аз ин аст, ки теъдоди пуршумор аз мусалмонони ин кишварҳо бо барпоии тазоҳурот, ҳамбастагии худро бо мусалмонони Мянмар нишон доданд.
Дар Дакка, пойтахти Бангладеш, тазоҳуркунандагон бо сар додани шиори "куштори мусалмонони Рохингяро мутаваққиф кунед", таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, маҳофили сиёсӣ ва ҳуқуқи башариро ба ин вазъияти зиддиинсонӣ ҷалб карданд.
Яке аз далоили эътирози мусалмонони бангладешӣ, бастан марзҳои ин кишвар бо Мянмар аст, ки монеи вуруди паноҳҷуёни мусалмони Рохингя ба хоки Бангладеш шудааст.
Мусалмонони тайландӣ ҳам дар эътироз ба куштор ва тахриби хона ва мазореи мусалмонони мянмарӣ дар баробари сафорати ин кишвар дар Бангкок таҷаммуъ карда ва хостори поёни хушунат алайҳи мусалмонон дар Мянмар шуданд.
Ин дар ҳолест, ки тасмими давлати Банкок барои боз гардондани дуввумин гурӯҳ аз муҳоҷирони мусалмони мянмарӣ ба кишварашон, хашми мусалмонони тайландиро дар пай доштааст.
Мусалмонони муътариз ба сиёсати давлати Мянмар, аз ин давлат хостанд, ки ба поксозии нажодӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ поён диҳад ва дар айни ҳол ба гурӯҳи ҳақиқатёби байналмилалӣ, ҷиҳати анҷоми таҳқиқоте мунсифона ва инсонӣ иҷозаи вуруд ба хоки Мянмарро диҳад.
Дар 22-и ноябр, вазири хориҷаи Индонезия аз Сан Сучӣ, ҳамтои мянмариаш хост, эъмоли хушунат ва зӯр алайҳи мусалмононро хотима диҳад, зеро таҷрубаҳои торихӣ собит кардаанд, ки наметавон як ҳақиқати торихии решадорро нодида гирифт.
Малайзия дигар узви Иттиҳоди кишварҳои ҷануби шарқи Осиё (ASEAN) хушунати бевақфа ба мусалмонони Мянмариро бар натобид ва дар як иқдоми дипломатӣ, сафири Мянмар дар Куалалумпурро иҳзор ва маротиби нигаронии давлат ва миллати Малайзияро ба вай иблоғ кард.
Дар канори ҳамаи муътаризони мусалмони кишварҳои минтақа, Ҷон Мак Кисик, намояндаи ожонси паноҳандагони Созмони милал дар шаҳри марзии Кокс Бозори Бангладеш гуфт, 30 ҳазор нафар аз ақаллияти қавмии Рохингя дар паи ҳуҷуми нерӯҳои артиши Мянмар дар моҳи гузашта хона, маҳалли кор ва мазореи худро тарк карда ва ба Бангладеш гурехтанд, ин мақоми Созмони милал ошкоро эълом кард, ки сарбозони Мянмарӣ аз ҳеч иқдоми зиддиинсонӣ ва ҳатто таҷовуз ба занони мусалмонро дар дастури кори худ қарор доданд.
Тардиде нест, агар Сучӣ ё ҳар мақоми масъули мянмарӣ бихоҳанд, аз додани посух тафра раванд ва ҳамчунон ба ҳифзи вазъияти мавҷуд тамарказ кунанд, доманаи тазоҳуроти мусалмонои минтақа густариш хоҳад ёфт. Зимни онки “ASEAN” низ ногузир ба иттихози тасмимҳои ҷиддӣ алайҳи сиёсати мусалмонситезии давлати Мянмар хоҳад шуд.