Таҳлил: Нокомии Иттиҳодияи Аврупо дар таҳрими нафти Русия
Ҷузеп Бурел масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодия Аврупо рӯзи душанбе дар як конфронси матбуъотӣ пас аз нишасти вузарои Иттиҳодияи Аврупо дар Бруксел изҳор дошт, ки имкони дастёбӣ ба тавофуқ бар сари шашумин бастаи таҳрими алайҳи Русия вуҷӯд надорад ва мо дар мавриди такрими нафти Русия иттифоқи оро надорем.
Бурел эътироф кард, ки сарони ин Иттиҳодия наметавонанд бар сари таҳрими нафти Русия ба тавофуқ бирасанд.
Вазорати хориҷаи 27 кишвари аврупоӣ рӯзи душанбе дар бораи бастаи шашуми таҳримҳо алайҳи Русия шомили қатъи воридоти нафт аз ин кишвар баҳс карданд аммо бо таваҷҷӯҳ ба мухолифати Маҷористон, ки 65 дарсади нафтӣ худро аз Русия таъмин мекунад , ба тавофуқи кулли нарасиданд.
Иттиҳодияи Аврупо барои тасвиби ин таҳримҳо ба райи тамоми 27 кишвари ин Иттиҳодия ниёз дорад. Камисиюни Аврупо пешниҳод кардааст, ки воридоти нафт зарфи шаш моҳ ва воридоти фаровардаҳои нафтӣ аз Русия то поёни соли ҷории мелодӣ мутавақиф шавад ва Себербонк ба унвони бузургтарин бонки Русия аз сомонаи (СВИФТ Ҷомеъаи ҷаҳонии иртибот моллии байни бонки) ҳазф шавад. Бо ин ҳол Маҷористон мухолифи ҷиддии ин таҳримҳо аст. Бурел ба ишора ба мавзӯъи Будопест тасреҳ намуд, ки гуфтугӯҳои имрӯз бархе аз мушкилоте, ки Маҷористон бо он мувоҷеҳ аст-ро рушан кардааст.
Петер Сийярту вазири умури хориҷаи Маҷористон чаҳоршанбеи гузашта гуфта буд, ки ин кишвар танҳо дар сурате ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи нафтӣ Русия рай хоҳад дод, ки ин Иттиҳодия роҳи ҳалле барои мушкилоте, ки ин иқдом эҷод мекунад, ироа диҳад.
Вай таъкид кард, ки давлаташ иҷозаи афзоиши шадиди қимати нафтро намедиҳад ва ҷойгузини нафтӣ Русия бидуни ҳимояти молии Иттиҳодияи Аврупо муясар нест. дар воқеъ Маҷористон, ки шуракои наздики Русия дар Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад, барои коҳиши ҳазинаҳои таҳрими нафти хоми Русия дархости садҳо миллион евро аз ин Иттиҳодия кардааст.
Габрелиюс Ландсбергис вазири умури хориҷаи Латвия бо ишора ба мавзӯъи Маҷористон гуфт: Муътасифона кулли Иттиҳодияи Аврупо тавассути як кишвар гаравгон гирфта шудааст, ки наметавонанд ба мо дар ёфтани тавофуқ кумак кунанд. Бояд бипазирем, ки як узв, тамоми ин Иттиҳодияро пайгири худ кардааст.
Бадин тартиб ошкор шудааст, ки дар бораи таҳрими нафти Русия ва паёмадҳои он тавофуқи назаре байни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо вуҷӯд надорад. Дар воқеъ барои он даста аз он кишварҳое, ки ба нафти Русия вобаста ҳастанд канор гузоштани он ва рафтан ба дунболи манобеъи ҷойгузини нафтӣ кори осоне нахоҳад буд ва ба вижа дар кутоҳ муддат ва ҳатто дар миён муддат хисороти зиёдеро мутаваҷеҳи иқтисодӣ онҳо кард. Мавзеъгирии вазири хориҷаи Маҷористон ва пеш аз ин Ричорд Сулик вазири иқтисодӣ Уславакия тасреҳ ба ин, ки таҳрими нафтии Русия сабаби вайрон шудани иқтисодӣ Аврупо хоҳад шуд ишора ба ҳамин амр дорад.
Бадин тартиб акнӯн Аврупо бар сари дуроҳаи интихоби манофеъи иқтисодии худ ва тадовуми воридоти нафт ва газ аз Русия дар ростои равнақ ва рушди иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз сарзадани хисорот ва зиёнҳои шаддид ба ин кишварҳо ва ё ҳамроҳи бо Амрико муқобила бо қудратҳои байналмиллалӣ хоҳони тағири назми кунӯнӣ ба вижа Русия ва дар марҳалаи баъди Чин қарор гирифтааст.
Кристиян Линднер вазири дороии Олмон мегӯяд: Ҷанг байни Украина ва Русия, назми навини ҷаҳониро ба дунбол хоҳад дошт.
Ин амри дидгоҳи ғолиб дар байни кишварҳои аврупоиро ба хуби нишон медиҳад. Иттиҳодияи Аврупо акнӯн дар ҷабҳаи ҳимоят аз Украина қарор гирифта ва ба сафи таҳрим кунандагони Русия пайваста ва дар амал гузинаи дуввумро интихоб кардааст. Бо ин ҳол мухолифати кишвари монанди Маҷористон бо тасмимоти Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи таҳрими нафти Русия нишон медиҳад, ки дар дохили ин Иттиҳодия иттифоқи назаре дар ин замина вуҷӯд надошта ва бархе аз миллии худ дар ростои манофеъ ва аҳдофи калони Амрико нестанд. Зимни ин, ки аз дидгоҳи ин кишварҳо ташдиди танишҳо бо Русия дар абъоди иқтисодӣ, энергия ва амниятӣ ва низомиро амри мухотираомез барои амниятӣ Аврупо талақи кунанд.
Бештар бихонед: