Май 25, 2022 16:57 Asia/Dushanbe
  • Зеленский хостори музокироти мустақим бо Путин шуд
    Зеленский хостори музокироти мустақим бо Путин шуд

Владимир Зеленксий, раиси Ҷумҳурии Украина гуфт ӯ фақат мехоҳад ба таври мустақим бо Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия музокира кунад ва аз тариқи миёнҷигарон ин музокиротро анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши ИРНА, Зеленский хитоб ба ҳозирн дар Маҷмаъаи  ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Давоси Шветсария ҳамчунин гуфт: Агар раиси Ҷумҳурии Русия воқеъиятро дарк кунад имкон ёфтани роҳи ҳали дипломотик барои берун рафтан аз ин даргири вуҷуд дорад.

Зеленский ҳамчунин афзуд: Украина то бозгардондани ҳамаи сарзаминҳои худ ба ҷанг идома хоҳад дод.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия 21 феврал бо интиқод аз бетаваҷҷуҳи ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав истиқлоли Данстк ва Луганскро дар минтақаи Донбас ба расмият шинохт.

Раиси Ҷумҳурии Русия се рӯз пас аз он 24 феврал ҳамлаи низомӣ ба Украинаро оғоз кард.

Ҷанг дар Украина ва вокунишҳо ба иқдомоти Русия ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп