Июл 27, 2016 12:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маскав ба Аврупо дар бораи афзоиши ҳамалоти ДИИШ

Олег Сиромолотов, муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, террористҳои ДИИШ ба шакли густардае байни сели паноҳҷӯён вориди кишварҳои аврупоӣ шудаанд ва ин мавзӯъ эҳтимоли вуқӯи амалиёти террористиро дар Аврупо ва ҳатто Русия афзоиш додааст.

Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, ки бо тавваҷуҳ ба густардагии ҳузури диишиҳои аз ҷанг баргашта дар кишварҳои мухталифи аврупоӣ, эҳтимоли вуқӯи амалиёти бештари террористӣ дар Аврупо ва ҳатто Русия вуҷуд дорад.

Ба гузориши ИРНА, Олег Сиромолотов, муовини вазири хориҷаи Русия пас аз ҳамалоти паёпайи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳрҳои мухталифи Фаронса ва ҳамчунин Брюссел, пойтахти Белгия гуфт: "Дар шароите, ки буҳрони паноҳҷӯён дар Аврупо идома дорад, хатари вуқӯи ҳамлаҳои террористӣ бештар дар кишварҳои ин қора афзоиш меёбад".

Сиромолотов афзуд: "Террористҳои ДИИШ ба шакли густардае байни сели паноҳҷӯён вориди кишварҳои аврупоӣ шудаанд".

Вай гуфт: "Ҳамзамон вазъи муташанниҷи кунунии Ховари миёна барои Русия ҳам хатарнок аст, зеро то кунун чандин ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд ба ДИИШ пайвастаанд".

Муовини Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кард, бо тавваҷуҳ ба чунин вазъияте, эъмоли меъёрҳои дугона дар мубориза бо терроризм ва тақсими террористҳо ба хуб ва бад таассуфбор аст.

Барчасп