Мухолифати беш аз 70 дарсадии амрикоиҳо бо номзадии Байден дар интихобот
(last modified Sat, 02 Jul 2022 05:35:19 GMT )
Июл 02, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати беш аз 70 дарсадии амрикоиҳо бо номзадии Байден дар интихобот

Бар асоси натоиҷи назарсанҷии ҷадид, беш аз 70 дарсади амрикоиҳо мухолифи номзадии Ҷо Байден барои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, натоиҷи назарсанҷии ҷадиди Донишгоҳи Ҳарвард ва муассисаи Ҳарис нишон дод, ки 71 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ бо номзадии муҷаддади Байден дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 мухолиф ва 29 дарсад низ мувофиқ ҳастанд.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, аз ҳар 10 амрикоӣ 7 нафар бо номзадии муҷаддади Ҷо Байден, раисиҷумҳури ин кишвар дар интихоботи 2024 мухолиф ҳастанд.

Дар миёни гурӯҳи мухолифони ширкати дубораи Байден дар интихобот, 45 дарсад далели мухолифати худро бад будани Байден эълом карданд, дар ҳоле, ки ҳудӯди як сеюм посухдиҳандагон муътақид буданд, Байден сини болое дорад ва ҳудӯди як чаҳорум гуфтанд, ки замони тағйир фаро расидааст.

Аз сӯи дигар ҳудӯди 61 дарсад низ эълом карданд, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешин Амрико набояд номзади интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2024 шавад, аммо 39 дарсад аз посухдиҳандагон бо ҳузури муҷаддади вай дар саҳнаи интихобот мувофиқ буданд.

Дар миёни мухолифони ҳузури муҷаддади Трамп дар интихобот, 36 дарсад вайро ғайримаъқул донистанд, 33 дарсад гуфтанд, ки ӯ дар Амрико ихтилоф эҷод хоҳад кард ва 30 дарсад низ ӯро масъули ҳамлаи 6 январи 2021 ба бинои Конгресси Амрико хонданд.