Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон : Ҳазинаи сангине бар душмани амрикоӣ таҳмил мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125546-Ситоди_кулли_неруҳои_мусаллаҳи_Эрон_Ҳазинаи_сангине_бар_душмани_амрикоӣ_таҳмил_мекунем
Порс тудей - Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ва қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ( с )-и Ҷумҳурии исломии Эрон эълом карданд : Таҳти ҳеҷ шароите аз ҳуқуқи миллати қаҳрамони Эрон кӯтоҳ нахоҳем омад ва ҳазинаҳо(хароҷот)и сангине бар душмани амрикоӣ таҳмил хоҳем намуд.
(last modified 2026-09-02T06:57:27+00:00 )
Сентябр 02, 2026 11:50 Asia/Dushanbe
  • Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ва қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ( с )-и Ҷумҳурии исломии Эрон
    Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ва қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ( с )-и Ҷумҳурии исломии Эрон

Порс тудей - Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ва қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ( с )-и Ҷумҳурии исломии Эрон эълом карданд : Таҳти ҳеҷ шароите аз ҳуқуқи миллати қаҳрамони Эрон кӯтоҳ нахоҳем омад ва ҳазинаҳо(хароҷот)и сангине бар душмани амрикоӣ таҳмил хоҳем намуд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, , Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ва қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ( с ) Ҷумҳурии исломии Эрон бомдоди чаҳоршанбе дар посух ба таҷовузи ҳавои артиши Амрико ба нақоте дар Систону Балӯчистон ва Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон дар баёнияе таъкид карданд , неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон зарбаҳои кубандаву шиканандаеро ба душмани забуну шарӯри амрикоӣ ворид хоҳанд кард.
Дар ин баёния омадааст : Артиши террористии Амрико ҳар чи қадр исрор бар шарорат дар минтақа дошта бошад, бояд хисороти бештару сангинтареро таҳаммул намояд .
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ : посухи пушаймонкунандаро оғоз кардем/ қуфли тангаи Ҳурмуз маҳкамтар мешавад
Дар ҳамин иртибот Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоъияе эълом кард : Мардуми шарифи Эрон! Идомаи ҳузури Шумо дар саҳна , душмани амрикоиро хаста ва маъюс кардааст ва муқовимату иқтидори фарзандони рашиди размандаи Шумо дар тангаи Ҳурмуз сардамдорони кохи Сафедро калофа кардааст.
Сипоҳи посдорон эълом кард : Соъатҳои пеш дар ҳамлаҳои кӯр ва аз сари истисол(дармондагӣ) , артиши мутаҷовизи Амрико нуқоти гуногуне дар соҳилҳои ҷанубии Эрон аз ҷумла чанд макони ғайринизомиро бомбаборон кард. Ҳамлаҳое, ки қуфли тангаи Ҳурмузро муҳкамтар ва азми размандагонро дар саркӯби неруҳои аҷнабии мудохилагар дар тангаи Ҳурмуз росихтар кард.
Дар ин иттилоъия омадааст : Размандагони ғаюри Сипоҳ , посухи пушаймонкунандаи мутаҷовизонро оғоз кардаанд ва дар аввалин иқдом тавассути сомонаи навини падофанди ҳавофазо панҷоҳумин паҳподи пешрафтаи MQ۹ артиши мутаҷовизи Амрикоро сарнагун карданд.
Мӯшакборони подгони туфангдорони Амрико дар Урдун/ теъдоди зиёде аз неруҳои Амрико ба дарак восил(кушта) шуданд

Сипоҳи посдорон ҳамчунин эълом кард : Размандагони далери неруи ҳавофазои Сипоҳ дар мавҷи дувуми амалиёти танбеҳи мутаҷовиз “ бо рамзи муқаддаси ё Расулуллоҳ ( с ) “ бо ҳамлаи сангини мӯшакҳои балистик ба подгони туфангдорони Амрико дар Урдун мавсӯм ба кампи Титин , воқеъ дар соҳилҳои халиҷи Ақаба , теъдоди зиёде аз неруҳои амрикоиро ба дарак восил карда ва чанд таъсисоти муҳим ва болгардҳои ҳуҷумии душманро нобуд намуданд .

Нобудии сомонаи ҳидояти балони ҷосӯсии Амрико дар Арбили Курдистони Ироқ
Дар ҳамин ҳол Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард : Дар посух ба ҷиноёти Амрико маркази таъмиротӣ ва анборҳои таҷҳизоти фаннии артиши террористи Амрико дар Арбил ва сомонаи ҳидояти балони ҷосӯсии Амрико дар пойгоҳ мунҳадим шуд ; махзанҳои сӯхти ин пойгоҳ ба оташ кашида шуданду теъдодӣ аз мутаҷовизон ба ҳалокат расиданд.
Ҳамлаҳои паҳподии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба пойгоҳи Амрико дар Баҳрайн
Аз сӯии дигар , равобити умумии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард : Дар бисту нуҳумин марҳила аз амалиёти Соъиқа ва дар посух ба таҷовузи душман ба манотиқи ҷанӯбии Эрон , артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъсисоти радарӣ ва марказҳои таҷаммуъи неруҳои террористи Амрико дар пойгоҳи шайх Исои Баҳрайнро ҳадафи ҳамлаҳои пурҳаҷми паҳподҳои инҳидомӣ қарор дод.
Пойгоҳи шайх Исои Баҳрайн , яке аз муҳимтарину ҳассостарин пойгоҳҳои Амрико дар минтақаи халиҷи Форс ва аз марказҳои муҳими таъмиру нигаҳдории чархболҳо ва қитъаҳои паҳподҳову мизбони ҳавопаймоҳои шиносоӣ аст.
Равобити умумии Артиш таъкид кард : Размандагони артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ба шароратҳои душман , посухи кӯбанда ва густарда медиҳанд ва интиқоми сахту пушаймонкунанда аз мутаҷовизон хоҳанд гирифт.