Июл 02, 2022 11:31 Asia/Dushanbe
  • Вобастагии Ғарб ба нафт ва гази Русия, ҳоло вориди фози ҷадид шудааст
    Вобастагии Ғарб ба нафт ва гази Русия, ҳоло вориди фози ҷадид шудааст

Ҷанги Украина вориди панҷумин моҳи худ шудааст. Сиёсати як бому ду ҳавоии ғарбиҳо дар қиболи ин бӯҳрон, то кӯнун натоиҷи ҳамчун рукуди иқтисодӣ, фақри шаддиди миллионҳо хонавор дар ҷаҳон ва марги даҳҳо инсон ва овораги миллионҳо нафар дар Украинаро ба ҳамроҳ доштааст.

Вобастагии Ғарб ба нафт ва гази Русия, ҳоло вориди фози ҷадид шудааст. Бар асоси додаҳои Вазорати энергияи Амрико, захоири стратежикии нафти Амрико (SPR) дар ҳафтаи мунтаҳи ба 24 июн 6.9 миллион бушка коҳиш ёфтааст, ки камтарин мизон аз апрели 1986 маҳсуб мешавад. Ин таҳавул як чолиши ҷадид барои давлати Бойден аст, ки талош дар поин овардани қимати бензин ба шеваҳои мухталиф аз ҷумла озодсозии нафти хом аз захоири стратежики нафти Амрико доштааст.

Мардуми Амрико ҳам ин рӯзҳо бо дидани бензини голуни 5 доллара , ки гаронтарин нархи сухти худрав дар таърихи муосири Иёлоти Муттаҳида аст, нигоҳашон ба таҳввулоти Украина тағир кардааст ва бар асоси охарин назарсанҷиҳо, 51 дарсади амрикоиҳо қудрати хариди худравро бар он ҳимояте, ки дар моҳи май аз Украина иброз карда буданд, тарҷеҳ медиҳанд.

Аз сӯйи дигар , увзоъи иӯҳронии энегрия дар ҷаҳон сабаб шуд, ки ҳоло Британеия ҳам нишон диҳад, ки дар шароити хос, дӯст ва муттаҳид намешиносад.

Рӯзномаии Файнэншл Таймс чопи Ландан дар гузорише бо ишора ба фарогир шудани бӯҳрони газ дар Аврупо баъд аз тирагии равобит бо Маскав навишт: Дар сурати ташдиди бӯҳрони газ, Британияи интисоли хутути лӯлаи газ ба Иттиҳодияи аврупоро қатъ хоҳад кард.

Бо вуҷӯди ӣаъсироти мухариби ҷанги Украина бар кишварҳои ғарбӣ, Ҷу Бойден раиси Ҷумҳӯри Амрико рӯзи 30-уми июни 2022 аз даъвати расмии кишварҳои Шветсия ва Фелония ба манзури пайвастан ба паймони Атдантики Шимолӣ (НАТО) хабар дод ва ӯфт: Дар рӯзҳои оянда 800 миллион доллар таслиҳоти ҷадид ба Украина ирсол хоҳад шуд.

Борис Ҷонсон нахуствазири Британия ҳам бидуни ишора ба афзоиши ҳазинҳои зиндагӣ ва таварӯми бесобиқа дар ин кишвар, аз ихтисоси як миллиард  пунт кумаки низомии бештар ба Украина хабар дод то Британия акнӯн дар радаи дуввумин кишвари ироа диҳандаи кумаки низомӣ баъд аз Иёлоти Муттаҳида ба Украина қарор бигирад.

Ҷон Миршаймер устоди равобити байналмиллалӣ дар Донишгоҳ Шикогу ва ироа кунандаи назарияи "риализми таҳоҷумӣ" ба тозаги дар мақолае дар пойгоҳи Нашнол интрест решаи аслии бӯҳрони Украинаро талоши таҳти раҳбарии Амрико барои табдил кардани Украина ба хокрезаи як кишвари ғарбӣ дар марзҳои Русия донист ва таъкид кард: Таърих қазовати сахте дар бораи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бобати сиёсати аҳмақонае, ки дар қиболи Украина дар пеш гирифтаанд анҷом хоҳад дод.

Сиёсати як бому ду ҳавоии ғарбиҳо дар чаҳор моҳи гузашта барои мардуми Украина ҳам дастоварди хосе ба ҳамроҳ надоштааст.  Девид Арахамия сарпарасти тими Украина музокира кунанда бо Русия ба тозагӣ эътироф кард, артиши Украина рӯзона ҳудӯди  ҳазор нафар талафот ( кушта ё маҷрӯҳ) медиҳад, ки куштаҳо рӯзона байни 200 то 500 нафар тахмин зада мешавад.

Дар канори ин маворид, зиндагии сахти миллионҳо овораи украини низ нигарон кунандатар шудааст. Шавоҳид ҳоки аз он аст ки кишварҳои ғарбӣ бо ҳимояти молӣ, таслиҳотӣ ва дипламатик аз Киев ба дунболи машғул кардани Русия дар ҷангӣ фарсоиши дар Украина ҳастанд. Дар воқеъ сиёсатҳои мудохилонаҷуёнаи Ғарб ва ҳамчунин эъмоли сиёсатҳои таҳрими алайҳи Русия, ҳазинаҳои гузофе аст, ки ин рӯзҳо мардуми ҷаҳон ва ҳатто  аврупоиҳо ва амрикоиҳо дар натиҷаи рӯйкарди иштибоҳи сиёсатмадорони ғарбӣ дар қиболи бӯҳрони Украина мутаҳамил мешаванд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп