Июл 03, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
  • Украина дучори зарарҳои қобили таваҷҷӯҳе дар ҳамаи ҷабҳаҳо шудааст

Сухангӯи Вазорати дифои Русия чаҳор моҳ пас аз оғози ҷанг бо Украина аз зарарҳои қобили тавваҷуҳи ин кишвар дар ҳамаи ҷабҳаҳо хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Игор Конашенков-сухангӯи Вазорати дифои Русия гуфт : Душман дар тамоми ҷабҳаҳо бо хисороти қобили таваҷҷӯҳе мувоҷеҳ аст ; се гурдон аз лашкари даҳуми ҳамлаи кӯҳистонӣ ва лашкари 72 механикии неруҳои мусаллаҳи Украин беш аз ниме аз неруҳои худро танҳо дар як рӯз аз даст доданд .
Ба дунболи афзоиши ҳамалоти Русия дар Украина дар ҳафтаҳои ахир, Владимир Зеленский-раиси ҷумҳурии Украина аз кишварҳои муттаҳиди худ хост дар вокуниш ба тадовуми ҳамалоти мушакии Русия сомонаҳои дифои ҳавоӣ ба Украина ирсол кунанд .
Вай гуфт : Тадовуми эҷоди таҳримҳо алайҳи Русия кофӣ нест ва ба сомонаҳои дифои ҳавоӣ дар Украина беш аз ҳар минтақаи дигаре аз ҷаҳон ниёз ҳаст .
Ин изҳороти Зеленский дар ҳоле баён шуда, ки неруҳои украинӣ аз шаҳри Северодонскъй ақибнишинӣ кардаанд . Ин шаҳр яке аз мақарҳои боқимонда дар минтақаи Донбас дар шарқи Украина аст.

 

Барчасп