Август 01, 2022 11:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи таътилии Ошӯро ва Наврӯз дар Афғонистон аз тарафи Толибон

Давлати Толибон дар Афғонистон таътилии Ошӯро ва Наврӯзро дар тақвими ин кишвар ҳазф кардааст.

Ҳанӯз ба таври расмӣ ин тағйирот дар тақвими Афғонистон аз сӯи давлати Толибон эълом нашудааст, аммо асноди фошшуда нишон медиҳанд, ки Толибон бештари муносибатҳои гузаштаро ҳазф ва ба ҷои онҳо ба таври салиқаӣ муносибатҳои толибониеро ҷойгузин кардааст.

Давлати Толибон дар Афғонистон таътилии рӯзи Ошӯроро аз тақвими расмии ин кишвар ҳазф карда ва дар муқобил чандин муносибати марбут ба худро ҷойгузин кардааст.

Рӯзи Ошӯрои Ҳусайнӣ (а) дар тақвими расмии Афғонистон пеш аз ин ба унвони таътилии умумӣ сабт шуда буд.

Бар асоси асноде, ки дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифта, Толибон илова бар таътилии рӯзи Ошӯро, таътилиҳои умумии дигаре мисли Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои куҳану миллии ин кишвар маҳсуб мешавадро низ аз тақвими расмӣ ҳазф кардааст.

Бар асоси ин санад Рӯзи ҳамбастагии занон ва Рӯзи ҷаҳонии манъи хушунат зидди занон низ аз тақвими расмии Афғонистон ҳазф шудаанд.

Дар ин тағйироти тоза Толибон дастикам 15 муносибати марбут ба худ, азҷумла рӯзи интихоби мулло Ҳиббатуллоҳ Охундзода ба унвони раҳбари ин гуруҳро дар тақвими расмӣ изофа кардааст.

Бар асоси ин санад, Толибон ҳамчунин рӯзҳои истиқлоли Афғонистон, шикасти ҷамоҳири Шуравӣ ва шикасти Амрико ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз гуруҳи Толибонро рӯзҳои таътилии умумӣ таъйин кардааст.

 

Барчасп