Август 16, 2022 10:07 Asia/Dushanbe
  • Бо ин ҳол акнун ин таҳдидот бисёр ҷиди арзёбӣ шудааст
    Бо ин ҳол акнун ин таҳдидот бисёр ҷиди арзёбӣ шудааст

FBI ва Вазорати дохилии Амрико пас аз бозрасӣ аз Иморати Трамп дар Флорида, дар баёнияи муштараке дар бораи афзоиши таҳдидот алайҳи мақомоти Федирал ҳушдор доданд.

Ин ду ниҳод дар баёнияи худ ҳушдор доданд таҳдидҳои эҳтимоли алайҳи мақомоти  иҷроии Федирал пас аз юриши FBI  ба Иморати Мар-а-Лаго  дар бархе аз расонаеҳои иҷтимоъӣ, анҷуманҳои интернети ва  пелетфурмҳои иштирок гузории тасвири ва видиоҳои дида шуда ва ба мақомоти маҳалӣ, давлатӣ ва қабилаӣ дар саросари Амрико ҳушдор дода, ки ҷониби эҳтиётро риоят кунанд. Ҳамчунин дар ин баёния дар бораи таҳдид ба бомбгузори дар мақарҳои FBI  ва дигар таҳдидоти дохилӣ бо ановини "ҷанги дохилӣ"  ва  "инқилоби мусалаҳона" ва дар саросари кишвар ҳушдор дода ва таъкид карданд ин таҳдидот мумкин аст тектикҳои ва таслиҳотро ҳадаф қарор диҳад.

Ҳушдори ин ду ниҳоди амнияти дохилии Амрико дар бораи афзоиши қобили таваҷҷӯҳи таҳдидот алайҳи мақомоти Федирал ва низ бурузи ҷанги дохилӣ ва ё инқилоби мусалаҳона дар ин кишвар дар партави таҳавуллоти дохилии ахир дар Иёлати Муттаҳида пас аз юриши маъмурони FBI  Иморати Донал Трамп Раиси Ҷумҳӯри собиқи Амрико дар Иёлоти  Флорида маъно пайдо мекунад. Ин бор низ ҳамонанди ҳодисаи ҳамла ба Конгресси Амрико дар январи 2021 ва ғайри мустақими ҳаводоронашро ба вокуниш дар ин замина ташвиқ кардааст.

Албатта ин вокунишҳо бархе ба сурати тазоҳуроти эътирозомез дар  назди  Иморати Трамп дар  Флорида сурат гирифтааст. Аммо бахши муҳимтари он таҳдидот ва бархе иқдомоти мусалаҳона аз ҷониби шибҳи низомиён ва ростгароёни ифротии ҳомии Трамп анҷом шудааст. Дар воқеъ таҳдидҳои ахир дар бораи бурузи ҷанги дохолӣ аз ҷониби ҳомиёни тудрави Трамп бесобиқа нест.

Бо ин ҳол акнун ин таҳдидот бисёр ҷиди арзёбӣ шудааст. Ин бор вокунишҳои тарафдорони Трамп ба бозрасии FBI  фаротар аз хашм ва инзиҷорҳои роиҷ ва марсум будааст.

Шуморе аз ҳомиёни Трамп ва ҳатто баъзе аз чеҳраҳои тарафдори ӯ дар расонаҳо ва ё номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ акнун ба забони хушунат барои ибрози мухолифати худ бо иқдоми FBI  рӯй оварданд.

Рӯзи якшанбе гуруҳе аз тарафдори мусалаҳи Трамп дар эътироз ба юриши полис  ба Иморати вай дар Флорида, дар муқобили дафтари FBI  дар шаҳри Фуникеси Иёлоти  Оризоно таҷамӯъ карда ва эътирози худро нисбат ба ин масъала эълом карданд.

Муътаризон  плактҳое бо унвони FBI-ро мунҳал кунед дар даст дошта ва фарёди эътироз сар доданд.  Пеш аз он ҳам дар назди Иморати Трамп дар Флорида тарафдорони вай таҷамӯъи эътирозӣ баргузор карданд. Як марди мусалаҳи 42 сола низ, ки рӯзи панҷшанбе 11-уми  август талош кард вориди яке аз дафотари полиси Федирали Амрико, FBI  дар  шаҳри  Синсинати Иёлоти  Уҳою шавад ба зарби гулӯлаи нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Ин фард дар ҷараёни юриш ба сохтмони Конгресси дар 6-уми январи 2021 ҳузӯр доштааст. Агар чӣ ангезаи ин ҳамла ҳанӯз мушахас нест аммо FBI  дар рӯзҳои гузашта ба далели бозраси аз Иморати Трамп ба шиддат аз сӯйи маҳофили рости ифротии тарафдои ӯ ҳадаф, ҳамлаҳои лафзӣ ва таҳдидҳои интиқомҷуёна, қарор доштааст. Ҳамчунин қозии додгоҳи Флорида, ки ҳукми бозрасии Иморати Трампро таид кард, дар рӯзҳои пас аз ҳамлаи маъмурони FBI  мавриди изҳорот ва тувҳинҳои мутаъадиде қарор гирифтааст.

Ин маворид нишон медиҳад, ки арсаи сиёсати дохилии Амрико вориди ҳамлаи ҷадид ва бесобиқае шудааст, ки яке аз мушахасҳои боризи он, афзоиши қобили таваҷҷӯҳи эътирозот ва низ кунишҳои мусалаҳона ва таҳдид ва иқдомоти хушунатомез алайҳи давлати Федирал аст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, даъво бар сари асноди кашф шуда дар Иморати Трамп як даъвои маъмулии сиёсӣ байни ду ҳизби аслии Амрико яъне ҷумҳурихоҳ ва демократи нест, балки як ҷанги тамом аёр тавассути ҷомеъаи иттилоотии Амрико ба унвони бозуи иҷроӣ ва амниятии  "давлати пинҳон" бо як тоҷири сиёсат пеша яъне Трамп аст, ки қавоиди бозии сиёсиро риоят накарда ва сайъ дар сохторшикани дорад.

Трамп аз замони рӯйи кор омадан то замони рафтанаш аз Кохи Сафед дар бисёре аз арсаҳо ба сохторшиканӣ ва зери по гузоштани қавоъиди марсум пардохт ва охарин иқдоми вай дар ин замина интиқоли пинҳони 11 маҷмуъа аз асноди фувқи маҳрамона аз ҷумла асноди ҳастаӣ ба Иморати худ дар Фолорида будааст. Иқдоме, ки аз дидгоҳи расми ва қавонини Амрико қобили таҳамул ва гузашт нест.

Рон Флипковский фаъоли расонаии машҳури демократи пас аз зикри мавориди мутаъадид дарзи иттилооти сареҳ аз ҷониби Трамп мегӯяд: Нигарони асноди маҳрамона набошед, Трамп собиқаи ин дасткориҳоро зиёд дорад.

Бештар бихонед:

Барчасп